Мантиқ

Мантиқи саволу ҷавоб.
Марҳилаи зарурии ҷараёни маърифатро шакли саволу ҷавобии инкишофи дониш ташкил медиҳад. Инкишофи дониш ҳамеша аз саволгузорӣ ва ҷустуҷўи ахбор оғоз мешавад. Дар натиҷа донишҳои мо оид ба воқеият инкишоф ёфта мустаҳкам мегарданд, инчунин онҳо, бо мақсади муайян аз як фард ба фарди дигар мегузаранд.
Саволу ҷавоб, махсусан дар соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла дар амалияи мурофиаи судӣ бештар истифода мешавад. Масалан, ҳангоми пурсиши шоҳидон, экспериментҳои тафтишотӣ, рў ба рў кардани шоҳидон ва шахси гумонбар, инчунин дигар амалиёти тафтишотӣ барои пайдо кардани ҷавобҳо ба саволҳои гузошта шуда мазмуни асосии пурсишро ташкил медиҳад.
Саволу ҷавоб ду тарафи муқобили як чизи том ба шумор мераванд:
савол муроҷиатест, ки ҷавобро тақозо менамояд; ҷавоб бошад гуфторест, ки онро савол талаб кардааст. Фасли мантиқи муосир, ки хусусиятҳои маҷмўи саволу ҷавобҳоро таҳқиқ менамояд, мантиқи эроматикӣ (юнонӣ – eromatikos – дар шакли савол) меноманд.
Моҳият ва сохти мантиқии савол. Савол – шакли мантиқиест, ки дорои ахбори мабодӣ буда бо мақсади пайдо кардани ахбори нав дар шакли ҷавоб ба ахбори мабодӣ далолат менамояд. Масалан, муфаттиш бояд барои равшан намудани вазъияти тафтишотӣ ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад: а) Кадом ҳолатҳо, то кадом андоза дар кори тафтишотӣ муайян карда шудааст ва то ба кадом дараҷа моҳияти воқеаи тафтишшаванда ошкор шудааст? б) Аз дигар сарчашмаҳои исбот кадом маълумотро дорад? в) Усулу тарзҳои тафтишоти минбаъда то кадом дараҷа барои вай маълуманд?
Дар забонҳои табиӣ савол бештар тавассути ҷумлаҳои саволӣ ифода карда мешавад, бо вуҷуди он ки на ҳамагуна ҷумлаи саволӣ саволро ифода менамояд. Масалан, ҷумлаҳои саволии хитобӣ (риторикӣ) савол буда наметавонанд. Чунон ки мо мегўем: «Оё вай ҳуқуқшинос аст». Ин ҷо тасдиқ карда шудааст, ки вай ҳуқуқшинос нест ё ниҳоят ҳуқуқшиноси бад мебошад. Албатта бо чунин маъно ҷумлаи мазкур саволро ифода карда наметавонад. Ба ғайр аз ҷумлаҳои саволии хитобӣ, ҷумлаҳои саволие ҳастанд, ки ҷавобро талаб намекунанд. Онҳо метавонанд илтимосро ифода кунанд ё пешниҳод бошанд: «Хоҳиши чойнўшӣ надоред?», «Мумкин ҷоятонро барои шахси калонсол диҳед?», «Худи ин ғавғо чӣ бошад?» ва ғайра. Дар айни ҳол, савол метавонад на фақат тавассути ҷумлаҳои саволӣ, балки бо ҷумлаҳои ҳикоягӣ низ ифода карда шавад. Масалан «Бигўед, бо кадом олат ҷабрдида захми ҷисмонӣ гирифтааст» ё «Фаҳмонед шумо дар кадом ҳуҷҷатҳо молҳои арзишдорро ҳангоми аз анбор баровардан ба қайд гирифтед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё