Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Чунин шеърҳо зиёданд, барои далел шеърҳои «Овои ҳақ», «Эҳё», «Арзандаи номи хеш бошед» ва бисёри дигарро метавон ном бурд.
Дар шеърҳои ошиқонаи Низом Қосим ишқ инсонҳоро намакшинос мекунад, аз замин ба осмон мебарад, инсонро некў мегардонад, аз гирифториҳо мераҳонад:
То ту будам яке намакхора,
Бўсаҳоят намакшиносам кард.
Бо лутфу суханбозии шоирона ў дар мавридҳои нохуши анҷоми ишқ низ хушбину хайрхоҳ аст:
Гарчи моро гашт вайрон хонумон аз хонумон, Хонумонро хонумон обод бод, обод бод.
Дар мавриди риояи таносуби сухан низ аз Низом мисолҳои бисёр метавон овард. Ў яке аз он адибони имрўзист, ки таносуби сухан ва баёни суннатиро ҳамеша риоя мекунад.
Кунун маро ту нестӣ, чу каҳрабо ту нестӣ, Аз ин хаёл рўи ман чу барги коҳ мешавад.
Яъне вақте «каҳрабо» мегўӣ, таносуби сухан тақозо мекунад, ки вожаи «коҳ»-ро низ биёрӣ ва ин заминаи табииву воқеӣ дорад.
Чанд мисол дар риояи таносуби сухан ва корбурди санъатҳои шеърӣ вобаста ба он:
Кўтоҳ буд дастам бе кокули дарозат…
Бе рўи сап-сафедат рўзам сиёҳ мешуд…
Гар лаб накунӣ во ту даме, вои муҳаббат…
Истифода ва риояи таносуби сухан ба шеъри ў таровату тозагӣ мебахшад:
Эй Ватан, аз файзи хокат
Хокиему хоксорем,
Эй Ватан, аз файзи обат
Обрўманди диёрем.
Ин корбурди шоирона аз чашмаи шеваҳои шеъри суннатӣ об мехўрад ва ҳунари шоирона аст, ки шеърро дилпазир мегардонад:
Беҳтарин як мисраи ман
Роҳи сўи хонаи туст.
Абруятро об деҳ аз ашки ман,
Обрўям сарфи абрўи ту бод.
Маро ин обрў кофӣ, ки ҳаргиз
Нарезад оби чашмони ту, модар.
Ва ниҳоят ин дубайтии зебо:
Зи ишқи ту худомўзӣ кунам ман,
Зи сўзи ту худафрўзӣ кунам ман.
Хушӣ гар рўзиям набвад зи ишқат,
Ғами ишқи туро рўзӣ кунам ман.
Метавон тозагиҳо ва бозёфтҳои зебои шоиронаро аз дубайтӣ, рубоиёт ва катибаҳои Низом Қосим зиёд пайдо кард.
Гузаштагону имрўзиёни фарзонаи мо дубайтиву рубоиёти олӣ гуфтаанд. Аммо боз ҳам шоири хуби имрўз метавонад, ки сухани завқи зебову тозаву шоиронаи худро ба таври худ бигўяд:
Бувад имои абрўи ту ширин,
Нигоҳи чашми дилҷўи ту ширин,
Хаёли рўи ширини ту дорам,
Шавад то умрам аз рўи ту ширин.
Рухат моҳи шабам бошад, гули ман,
Ду чашмат кавкабам бошад, гули ман.
Лабат ҷони ман асту хоҳам аз ҷон,
Ки ҷонам бар лабам бошад, гули ман.
Ман аз ҳар гушна як нон қарздорам,
Зи ҳар мурғак ду-се дон қарздорам,
Зи ҳар кас қарздорам ман каму беш,
Гули ман, аз ту як ҷон қарздорам.
Ин дубайтиҳои Низом Қосимро метавон дар сафи беҳтарин дубайтиҳои имрўз гузошт.
Дар шеъри Низом Қосим, чунон ки гуфтем, мавқеи оҳангҳои танқидӣ, фошсозии нуқсонҳои ҷомеа махсус аст. Ў бо камиву костиҳо, бо сохтакориҳо, бо ноадолативу ноодамиҳо созиш надорад.
Дилзанӣ ку?
Ба кафзанӣ хубем,
Бо кафи сахти хеш мекўбем
Ҷумла андешаи мулоимро,
Завқро, фикрҳои солимро.
Бигзар аз рўзгори олимсоз,
Дар худат мактабу муаллим соз.
Дуртар аз вазорати фарҳанг
Дар худат кун иморати фарҳанг.
Низом Қосим чун як ватандўсти содиқ мавқеи муайяну мустаҳками худро дар ҷодаи Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ дорад ва шеърҳои зиёде дар ин мавзўъҳо гуфтаасту Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва Сарвари некманиши онро сурудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё