Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Моҳу хуршедро намебинад
Ин замон дидаҳои ранҷураш.
Мезанад чарх бехуду саргум
Рўзу шаб ду калобаи нураш...
Восеъ
Дар сурати чеҳраи вай аз шонаи вай Якчанд баромад офтоби дили халқ, Аз шонаи чун қуллаи кўҳистонаш Парвози баланд кард уқоби дили халқ.
Дар сурати хеш ў Бухоро овард Аз кўҳу дара шуҳрати кўҳистонро, Он рўз амирону вазирон диданд Дар шонаи ў қудрати кўҳистонро.
Дар дидаи хашмиаш назар карда замон, Фаҳмид, чи одам аст кўҳистонӣ, Саҳроӣ аз ў шинохт – ҳаргиз нашавад Аз кўҳи ғурур паст кўҳистонӣ.
Бо чеҳраи нурбори пуртамкинаш Бар халқи диёри хеш тамкин бахшид, Бо ҳар нигаҳаш ба мардуми мағлубаш Подориву бовариву таскин бахшид.
Аз пой наафтоданаш омўхт, яқин, Барпой будан ба мардуми афтода, Боло сараш оини сари болоро
Омўхт ба халқ беҳ зи сад сарвода.
Аз тиру камони нигаҳу абруи ў Тарсид замонаву камону тираш, Пинҳон ба даруни пўст ларзид амир Рўбоҳсифат зи шери дарзанҷираш.
Мардум ҳама дид пурғуруру восеъ Дар сурати ў боз куҳистонашро, Дар сурати ў халқи азизаш бишнохт Бебок ялаш – Рустами дастонашро.
…То дар ватанаш як каси дилсўз бувад, Дар Сурхсақова гулханаш месўзад.
То дар ватанаш алови чашме боқист, Дар чашми Чакова11 гулханаш месўзад.
Боди наврўз, накҳате бахшо,
Бар дилу дида роҳате бахшо,
Ташнаҷони таҳи самоятро
Бедареғ оби раҳмате бахшо.
Дилҷудоёну гилҷудоёнро
Зўри ҷонбахши ваҳдате бахшо.
Мардумеро, ки коннисор бувад, Ҷоннисории миллате бахшо.
Дилу ҷонҳои сардро аз ҷон
З-офтобат ҳарорате бахшо.
Гўшам аз нағмаҳои ғайр гирифт, Дилқарин савти барбате бахшо.
Қаҳрамонони меҳнат афзунанд,
Қаҳрамони муҳаббате бахшо.
Сурати беш баста чашмонро.
Нақши некўи сирате бахшо.
Бар ҳама кас саодат эҳдо кун, Пас маро ҳам саодате бахшо.
Дар пояи ҳайкали Лоҳутӣ
Дар ҳошияи филми Давлат Худоназаров «Устод»
Шеър мебояд барояд аз азоби зиндагӣ, Шеър мегўяд вале як зумра бо дигар ҳисоб:
Зиндагишон бигзарад то бе азоби бешу кам, Шеър месозанд аз вазну қавофӣ бо азоб.
Шеъри Лоҳутӣ вале берун шуд аз тақдири ў, Ҳамчу нури раҳнамун аз рўзгори рўшанаш, Буд ў тиллову ҳал шуд сарбасар дар шеъри тар, Бингараш бо шеър ҳамҷон, бо сухан бин ҳамтанаш.
Аз дари девону дафтарҳои зарҳалдор не, Шеъри ў гардида берун аз дари тақдири ў, Буд шеъраш баҳри ёрон нусхаи меҳри дилаш,
11 Сурхсақова– кўҳе ва Чакова чашмаест дар зодгоҳи Восеъ.
Буд шеъраш баҳри ноёрон камону тири ў.
Буда Айнӣ гар наҷоти миллати ноҷии мо, Додааст ў дар раҳи тақдир Айниро наҷот, Дида Айниро беҳин тақдирсози халқи хеш, Додааст ў бо басо тафсир Айниро наҷот.
Ҳарфҳоеро, ки мо бар рўи дафтар мекашем, Ў кашида бо азобе баҳри мо бар дўши худ.
Баъд аз ин ў гар азобе дар диёри мо кашид, Мо барои ин гунаҳ бояд кашем аз гўши худ.
Ўи ҷону дил саропо ҷо шуда дар ҷону дил, Ўи ҷону дил саропо ҷону дилҳоро сазост, Пайкараш биншаста пеши чашми мо имрўз агар, Солҳо шуд, пайкараш дар дидаву дилҳо бапост.
Ту пирӣ чун ғаму андўҳи тоҷик, Вале чун шаҳри бахти ў ҷавонӣ, Бино гардидаӣ аз ишқу аз шеър, Ту шаҳри ошиқону шоиронӣ.
Барафкандем пои тахти чанде,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Набошад дар бағал коху манорат, Бинозӣ то ба ҳайкалҳои мардон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё