Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Раҳ махуф асту роҳзанҳое
Мезанандам зи роҳ дар ҳар ҷо,
Раҳзане – корҳои беҳуда,
Раҳзане – айшу нўшу маҷлисҳо.
Мезанандам зи роҳу месозанд
Дили манро чу кисаи холӣ,
Доимо мебарам ман аз ин роҳ
Ҷону танро чу кисаи холӣ…
Бо ғами бешу кам дар ин дунё
Бар ғами дил намерасам гоҳе,
То сари мизи шеър раҳ дур аст,
Ман ба манзил намерасам гоҳе.
Доимам ҳаст ёди ин манзил
Чун ғарибе, ки бо ғами ватан аст,
Зистан шоиронаву мурдан
Дар ҳамин ҷой орзўи ман аст.
Хор гуфта ҳар касе хори туро, худ хор шуд,
Ҳар ки сангат зад зи дилсангӣ, ба сангат зор шуд.
Душманони бодият барбод рафта ҳамчу коҳ,
Душманони бодиятро бод руфта ҳамчу коҳ.
Хоки покатро касе гар сурмаи чашмон накард,
Тўтиё ҳам чашми бенури варо дармон накард.
Бекасе гар пуштро бар пуштаи сабзи ту монд,
Менамонад дар ҷаҳон бе пуштгиру пуштбон.
Гушна монам, решаи хори туям ҳаст, эй Ватан,
Яъне, кофӣ бо ту будан решапайваст, эй Ватан.
То ки дорам гарди хокатро ба чашмон сурмасон,
Ман Ватан дорам, надорам ормоне ҷовидон.
То ки як лабташнаатро бар лаби дарё ниҳам,
Чун мижа ман ҳар хасатро рўи чашмон ҷо диҳам.
Шаб, ки бо фикри ту чашмам мепарад то субҳгоҳ,
Моҳи навро рўи чашмам мениҳам чун барги коҳ.
Бар ҳама борад чу борон неъмати дунё, хушам,
Бар ҳама борад чу борону чакад бар мо, хушам.
Бар заминат по занам боре агар, аз по занам,
Аз заминат дил канам, уммедам аз дунё канам!
Гар маро шўрида қисмат
Аз азал аз хоки покат,
Хешро омехтам ман
Боз ҳам бо обу хокат.
Эй Ватан, аз файзи хокат
Хокиему хоксорем,
Эй Ватан, аз файзи обат
Обрўманди диёрем.
Мурғаки озодболе
Рўи шохе нағмахон аст,
Шохи умри мо ҳамин аст,
Мурғи бахти мо ҳамон аст.
Як ҷаҳон ҳам бошад аз мо,
Бе ту мо чизе надорем,
Бо ҳама ин бурду овард
Бе ту мо нобурдборем.
Хони ободи ману мо
Як лаби хони ту буда,
Серии чашму дили мо
Аз лаби нони ту буда.
Эй Ватан, то бо ту ҳастем,
Кай ғаме дар синаи мост,
Эй Ватан, то бо ту ҳастем,
Оламе дар синаи мост.
Як дили шўрида ҳам бас,
Як сари бедард кофист,
Аз ҳавои ту ҳавоят,
Аз заминат гард кофист.
Талош
Ба рўи синаи модар нишона
Ягона бахт – фарзанди дугона,
Зи як оғозу тақдиранд ҳарду,
Баробар ком мегиранд ҳарду,
Баробар ҳарду мегиранд сина,
Яке ором мегирад, яке на…
Аз ин манзар хаёле дар шигифтам,
Варо аз зиндагӣ як нусха гуфтам,
Писандам тифли ноором омад,
Зи бахти комилаш пайғом омад:
Дамодам мезанад по, мезанад даст,
Барои қисмати худ дар талош аст.
Ду калобаи нур
Модари зор бо умеду ҳавас
Шом то субҳ сўзанӣ медўхт.
Рўшании умеду армонаш
Хонаашро чу меҳр меафрўхт.
Нури чашмони хешро мекост,
Рўи ҳар дарз рўшанӣ мерехт.
Ҳама гулҳои орзўяшро
Бе дареғе ба сўзанӣ мерехт.
Дар хазонрез махмали сабза,
Дар зимистон гули баҳорон дошт,
Балки ў буд соҳиби дунё,
Дар умедаш замину кайҳон дошт.
Ришта не, рўзҳои хуршедӣ
Нури хуршед дошт дар сўзан.
Моҳ будаш калобаи шабҳо,
Риштааш мекашид аз равзан.
Ў яке буду бахти ў бисёр,
Ў заминиву бахт кайҳонӣ,
Қисмат аз риштаҳои нури умед
Тору пудаш танида нуронӣ…
Оташи ҷанг лек ҷонаш сўхт –
Писараш рафту барнагашт дигар.
Бар гули сўзании ў афзуд
Лолаи доғу ормони писар.
Дўхт дар ёду ҳасрати фарзанд
Он қадарҳо ба сўзанӣ дида,
Ки гули сўзаниву гулдўзӣ
Охир ўро ба дида кўчида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё