Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оҳ, чизе мефишорад синаам,
То кунун инам набуд, инам набуд…
Ишқи дер
Меҷустамат,
Меҷустамат
Аз дурии тақдири хеш,
Ғофил набудам як нафас
Аз ишқи пуртақсири хеш.
Мекофтам чашми туро
Чун ахтари бахт аз само,
Мехостам дасти туро
Аз бахт чун боли ҳумо.
Эй офтоб,
Эй офтоб,
Чашмам надорад бе ту нур.
Эй мурғи ишқ,
Эй мурғи бахт,
Болам надорад бе ту зўр.
Нурам бишав,
Зўрам бишав,
Эй орзўи беназир,
Мон, қиссаҳо монад нишон
Аз ишқи дер,
Аз бахти дер.
Қисмати мо
Қисмати мову ту аз рўзи азал
Зори рўи ҳамдигар будан бувад.
Зиндагӣ бинмуда бар рағми аҷал,
Меҳр бар ҳамдигар афзудан бувад.
Аз биёбонҳои ҳиҷрон бигзарад
Роҳи мову ту ба сўи ҳамдигар,
Имтиҳони мост садҳо неку бад,
Тўшароҳи мост сад суду зарар.
Ман дар ин ҷо – ташнаи дидори ту,
Ту дар он ҷо – чашмчори роҳи ман,
Ин раҳи дур аст лек ағёри ту,
Ин раҳи дур аст ҳам бадхоҳи ман.
Чун кунам аммо ман, эй нури басар,
Дар ҷаҳон бо ишқи бетадбири худ? –
Мешавам ҳар лаҳзае наздиктар
Бо ту дар дунёи поки шеъри худ.
Охират аз дурии дури ҷаҳон
Бар ҷаҳони хеш наздик оварам.
Ман туро, эй дарди дил, эй дарди ҷон,
Баҳри худ ҳар лаҳза аз нав офарам.


З-он дам ки чун моҳии дар об
Омад забонат дар даҳонам,
Гуфтам, ки дар дунё пас аз ин
Донандаи садҳо забонам.
Урёниат бинмуд бар ман
Зебоии урёнбаёнӣ.
Омўхт ишқи мушкили ту
Бар хомаам осонбаёнӣ.
Гоҳам гули хушбўи рўят,
Гаҳ хори мижгонам ба лаб буд,
Будам ба лаб оё лабонат
Ё то саҳар ҷонам ба лаб буд?..
Бошам, бимон, парвонаи ту,
Як лаҳза бепарво набошам,
Чун асли умри ман ту ҳастӣ,
Ё бо ту бошам ё набошам!


Сарҳо фидои по-т, ки як пошикастаӣ,
Эй пошикаста, аз чи дили мо шикастаӣ?
Гўё бимон, ки лол намудӣ басо забон,
Зебо бимон, ки сад дили зебо шикастаӣ.
Дилҳои бедилон ҳама барҷой бурдаӣ,
Беҷо вале фикандаву беҷо шикастаӣ.
Ганҷ аст ҳар диле, ту чи ганҷур будаӣ?
Дунёст ҳар диле, ту чи дунё шикастаӣ!
Мо дилшикастагони туему басо хушем
Аз он ки пошикаставу дилношикастаӣ…


Раъди ғурранда ба як хешсито мемонад.
Барқи рахшон ба дили аҳли зиё мемонад.
Зери чатри ту ману ту зи само пинҳонем,
Дил ҳам ин ҷо зи ғаму дард баҷо мемонад.
Ғам куҷо, дард куҷо, навҳа куҷо, нола куҷо? –
Зери чатри ту фақат ишқу вафо мемонад!
Зери чатри ту бихоҳам, ки ҳама умр равем,
Чатри афлок, надонем, куҷо мемонад.
Зери чатри ту равему задани дил шунавем,
Ин садо ҳамчу тақозои қазо мемонад.
Нест ҷовид ба сари ҳеҷ кас ин чатри куҳан,
Зери чатри ту ба ҳам будани мо мемонад!


Дар канори боғ он рўз
Худ ба худ биншаста буд ў,
Бар касе дил баста буд ў,
Ё ки дилбишкаста буд ў.
Боди дайдуе сила дошт
Мўйҳои бесарашро,
Мавҷи мўяш нусхае буд
Гўӣ, аз амвоҷи дарё.
Дар назар гўё набудаш
Заррае парвои олам…
Бо нигоҳе гарм медод
Посухи садҳо саволам.
Рўи моҳашро намуда,
Хоки раҳ мекард дилро,
Гаҳ панаҳ бинмуда бо ноз,
Бепанаҳ мекард дилро.
Чашмаи чашмони дилҷў –
Маншаи ҷўи нигоҳаш,
Шуста он ҷў ҳар гунаҳро
Аз вуҷуди бегуноҳаш.
Дошт нози дилписанде,
Ноз мезебид ўро…
Дидаи нодидаи ман
Акси ҷонам дид ўро.
Ногаҳон банди нигоҳам
Бо нигоҳаш сахт печид,
Ногаҳон дар сурати ў
Ҷониби ман бахт хандид…
Бехабар мондам, ки охир
Бо худаш ў чунам омехт,
Оқибат бинмуд мастам,
Ҳамчу май бо хунам омехт.

пешина
аз 235
навбатӣ