Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

То он замоне, ки ин покӣ, ин некӣ барҷост, кўдакии мо дар он марзе, ки аз ў ҷудо шудаем, зинда хоҳад монд.
Рўҳияи адолатталабиву ҳақиқатхоҳӣ, носозгорӣ бо макру фиреб аз ҷавонӣ дар шеъри Низом Қосим ҷо дошт, ки баъдан яке аз маромҳои асосии эҷодиёт ва шахсияти ў гардид (шеъри «Рўбарў бо сурати Ленин»).
Ин шеърҳо аз он маҷмўаи аввал далели онанд, ки ҳадаф аз шеър барои шоир баёни мавқеи инсонӣ ва ғояҳои баланд будаву мемонад:
Чун давоми ту ҳама рўз
Инқилоби дигаре мехоҳам аз тақдир,
Инқилобе дар замир,
То маро аз ман раҳо созад…
Низом дар чанд байти як ғазал, бо истифодаи санъатҳои шеърӣ, мавқеи инсониву шоирии худро хеле рўшану шоирона баён мекунад:
Чу китоби нав набудам пурҷило
Чун китоби куҳна мазмун доштам…
То надонад аз хазонрези дилам,
Пеши нокас рўи гулгун доштам.
То зи хомӣ вораҳам, умре чу май
Хешро дар хеш мадфун доштам.
Доштам кай дар ҷаҳон хун бо касе,
Ҳар куҷо ёрони ҳамхун доштам.
Дақиқ фурў рафтан ба умқи маънии вожаҳо ба шеъри ў тобишу ҷилои бештари маъниҳоро медиҳад. Низом аз имкониятҳои забони тоҷикӣ, аз духўрагии маъниҳо, аз тобишҳои маъноии вожаҳо хуб истифода мекунад, ки далели забондонии ўст.
Яке аз мавзўъҳое, ки дар шеъри Низом гоҳ ошкоро, гоҳ таҳтонӣ, аммо ҳамеша зуҳур дорад, Ватан аст, ки барои ў арзиши баландтар аз ҳамаро дорад ва тамоми мавзўъҳои дигар дар шеъри ў дар меҳвари ҳамин мавзўъ бол мезананд:
Ҷисми ман дарбадару рўҳи ман андар Ватан аст, Кай ғарибам, ки ба ҳар ҷо Ватани хештанам.
Ва дар чунин шеърҳо ҷилои шеъриятро дар сухани ў метавон равшан мушоҳида кард.
Дар ғарибӣ ба сарам ояд агар рўзи сиёҳ, Аз қазо кош расад абри сафедаш кафанам.
Зуҳури фалсафа, мантиқ, андеша, хирад дар шеъри Низом ҳамеша эҳсос мешавад:
Гар намеҷўӣ худатро дар Замин,
Дар само шамсу қамар гум мекунӣ…
Дар саросари эҷодиёти ў ҳар ҷо-ҳар ҷо, дар сари ҳар қадам, қариб аз аксари ғазалҳои ў метавон байтҳое ёфт шоирона, пурмаъно, ҳадафнок ва нишонрас:
Бигурезам зи сояи худ ҳам,
То ки чун офтоб биншинам.
Чунин ғазалҳо вақте пайи ҳам меоянд, табъи равони шоирро мисли ҷуйбор дар ҷўшу хурўш меёбед.
Тобишҳои маъноии вожаҳо, духўрагии маънои онҳоро Низом хуб истифода мекунад ва чунин мисолҳо дар шеъри ў фаровонанд. Аз қабили:
Амроз басо мондаву ҳамроз намонда.
Гар ин миллат бувад, донад, ки милён мил аз ў дурӣ.
Бо чашми чор дар ҳаваси чора мондаем…
Чунин мисолҳо зиёданд, ки гувоҳи лутфи сухану табъи равони ўянд.
Истифодаи ҳунару санъати шеъри суннатии мо дар шеъри Низом бисёр вомехурад.
Атре зи Самарқанду Бухорои ман имрўз Ҷуз дар ғазали Хоҷаи Шероз намонда…
Маъниҳое, ки бори андеша мебаранд:
Нагардад хушк то сарҷўи обаш,
Саробашро басо хурдему хурдем.
Низом метавонад дар оҳанги дубайтиҳои халқ байтҳое бисозад дархури дили мардум:
Ситамҳое, ки мо дидем аз дўст,
Илоҳо, душман аз душман набинад.
Ва ё дар байте маънои иҷтимоиро шоирона баён бисозад:
Дили моро накарда заррае гарм,
Зи чашми мо басо оташ гирифтанд.
Ў баёнгари хуби ҳолатҳост:
Як ними шаб ба ҷанги ману хоб даргузашт, Ними дигар ба ҷустани хобе, ки барнагашт.
Дар тасвири ҳолатҳо Низом ҳунари нигориши худро дар шеъре, ки бардоште аз созу суруди Давлатманд аст, хеле воқеӣ таҷассум кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё