Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Анборҳои пурдон шуд дар раҳи ҷиғилдон,
Растанд аз ҷазоҳо бо ёди мўр кардан!
Дар қалбашон на норе, дар рўяшон на нуре,
Баҳсе ҳамеша хоҳанд аз нору нур кардан.
Эй дил, туӣ чу бино, андешае бино кун,
Як рўз кўр гардӣ аз рўз кўр кардан.
Оғози китоби шавқ
Як рўз кабўтари нигоҳам
Дар лонаи дидаат макон кард.
Аз шавқ парастуи умедам
Дар ҳечаи зулфат ошён кард.
Гардид ниҳоли қомати ту
Аз мурғаки орзўи ман пур,
Он гуна, ки бошад аз ватандор
Оғўши муҳаббати ватан пур.
Буд он ҳама печутоби мўят
Як нусхаи печутоби шавқам.
То қуллаи қомати баландат
Бо шавқ парид уқоби шавқам.
Оҳўи рамидаи дили ман
Аз чашмаи чашмат об мехўрд,
Мехўрд ҳазор тири мижгон,
Дар гирди ту печутоб мехўрд.
Чун дар шаби мўи ту бидидам
Маҳтоби рухи туро дурахшон,
Маҳтобшаб орзўи ман шуд,
Ҳар шаб нигарам ба моҳи тобон.
Ин гуна ба ҷониби ту мебурд
Пайваста маро шитоби умрам.
Аз шеъри сафеди чеҳраи ту
Оғоз бишуд китоби умрам
Зани сафед
Ҳамчун зани сафед зимистон расида боз,
Сар то ба пош рўшану испеди беҳисоб,
Аз кўчаҳои шаҳр ба сад нозу сад итоб.
Шоли сафеди барф ба сар мекунад шитоб.
Дар сина метапад дили бебахт бо умед:
Овардааст бахти сафед ин сафед зан.
Чашми тиреза ҳам пури об асту интизор
Дар роҳи интизориаш ин дам чу чашми ман.
Ҳар шохаи сафед чу дасти сафеди ў,
Ҳар сарв нусхае зи сафедии пои ўст.
Дунё ҳама сафед зи файзи нигоҳи ў,
Дунё ҳама сафеда зи файзи сафои ўст.
Сар то ба по сафед, ба ҳар ҷо қадам ниҳад,
Роҳи сиёҳ дар қадамаш мешавад сафед.
Ҳар кас, ки аз алам бувадаш дил сияҳ мудом,
Бинад варо, дилу аламаш мешавад сафед.
Зебописанд будаву пасту баландро
Чун доғҳои рўи замин мекунад паноҳ,
Балки табибвор, ба тан хилъати сафед,
Захми парўву рўи варо мекунад даво.
Ё балки ўст нусхаи мурғи сафеди бахт,

Боли сафеди барф ба бар мепарад сабук?
Ё бахтовар аспи сафеди фасонаҳост:
Ёли сафеди барф ба сар мепарад сабук?
Ё шоир аст, шоири танҳои дилсафед,
Ҳар тора барф мисраи шеъри сафеди ўст,
Ин зоҳири сафед ва ин ботини сафед
Бар шоирони хок навиди умеди ўст?
Не, не, занест ҳамчу сафеда сафеду пок,
Ин дам аз ўст ин дилу ин манзили сафед.
Дилҳо сиёҳ буд зи поизи дилсиёҳ,
Ў омада чу ҳамдаму чун ҳамдили сафед.
Чун пайки осмону чу ангезаи саҳоб
Сар то ба пош рўшану испеди беҳисоб
Аз кўчаҳои шаҳри сияҳ чун хаёлу хоб
Шоли сафеди барф ба сар мекунад шитоб…
Сар то ба пои ту
Эй ҷони ман, шабеҳи зимистонӣ,
Сар то ба пои туст чу барф испед,
Мўят сиёҳ ҳамчу самои ўст,
Афкору кору нияту ҳарф – испед.
Чун зарраҳои барфи зимистон аст,
Эй дилсафед, ҳарфи баёни ту,
Неку сафед буда ҳама ҳарфат,
Н–ояд сияҳ сухан зи забони ту.
Набвад нишони сард ба аъзоят,
Ҳарчанд ту шабеҳи зимистонӣ,
Танҳо сафедиаш ба ту бошад хос,
Чун барф ту фариштаи кайҳонӣ.
Гоҳе дилам сиёҳу тиҳӣ гардад,
Сўи ту мешитобам аз ин дунё,
То дил шавад зи барфи рухат испед,
То пур шавам зи барфи ту сар то по.
Аз барфи соқу соиду андомат
Ларзад маро зи шавқ тамоми тан,
Дар пеши дасту пои сафеди ту
Гардад сиёҳ шеъри сафеди ман…
Эй ҷони ман, шабеҳи зимистонӣ,
Эй ҷони ман, шабеҳи зимистон бош,
Барфи само чу ҷони тани хок аст,
Бо барфи худ ту бар тани ман ҷон бош!

пешина
аз 235
навбатӣ