Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гаҳ боли сафед бод дода, Пеши назарам ҳамезанад пар, Биме набувад зи раъду барқаш, Борон шавад, ў намешавад тар.
Боде, ки маро расад дар ин дам, Форам бувадам зи боли испед, Аз боди параш ҳамезанад рў Дар синаи ман ҳазор уммед.
Гуфтам, ки чи бошад он ба хобам, Ҷустам зи ҳаёти хеш таъбир:
Аз бепариям магар нишон аст, Бахт аст ва ё муҳаббати дер?
Таъбири наве чу пайки армон Бар ёд расид айни руъё:
Гунҷишки сафедболи зебо Рамзе бувадам аз орзўҳо.


Бихандам гаҳ ба ҳоли худ, ки ман худ Намедонам шитоби зиндагиро, Ба гуфти худ китобе менависам, Намехонам китоби зиндагиро.
Барои кулли модарҳои дунё Нависам шеърҳои гарму рўшан, Зи моми худ вале боре напурсам, Ки розӣ буда ў як зарра аз ман?
Сухан мегўям аз меҳру муҳаббат Барои хоҳару баҳри бародар, Намеёбам вале як лаҳза вақте Ба дидори бародар, ёди хоҳар.
Ба рўи ёр тўри чин фитода, Намебинам чаро ин бонги ожир?
Ба васфи навбаҳор овораам ман, Гули рўяш хазон гардад зи тақдир.
Бихандад талх ё гиряд аламнок Ба ҳолам чор фасли зиндагонӣ, Ки дорам зиндагонии китобӣ, Китобам нест асли зиндагонӣ…


Мисли дасти қисмати хеш Гоҳ нармам, гоҳ сахтам, Ҳам баҳорам, ҳам хазонам, Балки ман чун як дарахтам.
Зиндагиям реша буда,
Шеърҳоям – шохаҳояш,
Мў ба мў печида бо ҳам, Чун кунӣ аз ҳам ҷудояш?
Ончуноне дар дарахтон
Меваҳо ширину талханд, Низ ширинанду талханд
Ҳарфҳои дафтари ман.
Ман дарахтам, чун дарахтон Ҷурм дорам дар дилу ҷон, Ҳаст ҷурми ман дучандон Пеши чашми айбҷўён.
Ман дарахтам, баъди маргам Ҳосиле аз қисмати ман
Боз мерўяд дарахте
Баъди ман аз турбати ман.
Рамзи сарафрозии ман
Мекашад он сар ба афлок, Сабз мемонад, ки дорад По ба хоку реша дар хок.
Ою бин дар рўи гўрам
Ғарқи гул ҳар навбаҳораш, Зинда бин мурғи диламро Ҳамчу мурғи шохсораш.
Ҳамчуноне дасти ман бин Шохаи сабзу тареро,
Ё занад силӣ ба рўе,
Ё сила созад сареро.
Баргҳое мефишонад
Ҳамчу ашки шодию ғам,
Ашкҳояшро бубинӣ,
Мешавад чашми ту ҳам нам.
Пас шабеҳи банди шеърам Мева мебандад саросар, Сангҳо аз пушти мева
Мехўрад, то ҳаст пурбар.
Тарси ту, тарси ман ………………………………………………….
………………………………………………….
Талх аст айшат, азбас омехта ба ваҳм аст, Ширин бувад ғами ман, ҷуз аз магас натарсам!
Ту дузди моли халқӣ, тарсӣ зи сояат ҳам, Ман дузди вақти хешам, аз ҳеҷ кас натарсам!
Ту Раҳмонӣ…
Барои Раҳмон Остон
Ману мо мардуми нодидадунёем, Ту дунёи ману моӣ.
Ману мо ташнаи ҳарфу ҳиҷоем, Ту дарёи ману моӣ.
Ба ҳар маҳфил, ки бошӣ ту, Ману моро ба лаб шеъри фаровонест.
Ба ҳар манзил, ки бошӣ ту, Ману моро ба дил меҳри дучандонест.
Ба ҳар ҷое ту бошӣ,
Бобақост инсону инсонӣ, Ба ҳар ҷое ту бошӣ,
Нест он ҷо расми шайтонӣ.
Ту бошӣ, неку бадро ғайри хубӣ нест, Кутуби бешуморе ҳасту алфози кутубӣ нест, Фақирони заминиву худовандони чўбӣ нест, Шимоливу ҷанубӣ нест…
Ба рағми ҷумла шайтонҳо, Ба рағми ҷумла шайтонӣ, Худоро шукр, раҳмонӣ ту, Раҳмонӣ.
Худ ба худ
Гардем оқибат дур аз фикри дур кардан, Сабри аҷал наояд аз дил сабур кардан.
Овоз агар зи сустӣ печида дар гулў монд, Суде чи аз шабу рўз танбўр ҷўр кардан?
Ҷуз хобу хўр гурўҳе кори дигар надорад, Дил беҳузур гардад аз ин ҳузур кардан!

пешина
аз 235
навбатӣ