Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гузориш Ба лейтенанти калони ҷовидон Ҳабиб Юсуфӣ аз лейтенанти калони мустаъфӣ Низом Қосим Рафиқ лейтенанти калон!
Иҷоза бидҳед, арз кунам:
ман ҳам, чун шумо, лейтенанти калонам, лекин мустаъфӣ ва агар шумо, лейтенанти калони номустаъфӣ, намебудед, ман лейтенанти мустаъфӣ намебудам.
Ин замон ман ҳам чун шумо бистунуҳсолаам ва агар Шумо дар бистунуҳсолагӣ аз ҷон намегузаштед, ман ба бистунуҳсолагӣ намерасидам; ман бо умри Шумо зиндагӣ дорам, рафиқ лейтенанти калон!
Ман ҳам чун Шумо шеър мегўям, лекин чунон гиро не, яъне, чун шеъри Шумо не…
ва аз ин хиҷилам беҳад, ки бо умри Шумо зиндагӣ дорам, вале идомаи сазовори ашъоратон нест ашъорам…
Рафиқ лейтенанти калон!
Эй кош зинда мебудед…
Чи мегўям ман? – Зиндаед Шумо, охир!
Зиндаед, ки ба Шумо арз мекунам!
Зиндаед, ки бо Шумо ҳарф мезанам!
Бо вуҷуди ин, эй кош зинда мебудед…
Он гоҳ чи шоире мебудед!
Унвонҳо, ҷоизаҳоро ҷоизтар аз Шумо намебуд, бар Ватан, бар мардум беш аз Шумо бовафо намебуд – охир, Шумо барои ону ин ҷон фидо кардед ва ону инро аз адў раҳо кардед!
Чи гўям, рафиқ лейтенанти калон!
Шумо генерали ҳақиқиед – генерали ҳаёт, генерали адабиёт…
Эй кош, дар ягон гўшаи Душанбе (ё Самарқанд?
ё Варшава?) ҷое ёфт мешуд, ки Шумо ҷовидона менишастед ё ҷовидона бар по мебудед; бўи гулҳо ба димоғатон мезад, мардум ба қадаматон гул мерехт ва Шумо худ медидед, ки шаҳр пур аз бистунуҳсолаҳост ва агар Шумо дар бистунуҳсолагӣ ҷовидона бознамеистодед, мо, бистунуҳсолаҳои имрўз, ба бистунуҳ намерасидем; ё Шумо маҳз барои ҳамин ҷовидона бозистодед, ки мо ба синни Шумо бирасему аз он бигзарем?..
Боз як чиз:
Шуморо боре хуб ёд карданд – ба мукофот пешниҳод карданд!
лекин…
намедонам, барои чи надоданд…
барои фаҳми ин ман одами хурдам, рафиқ лейтенанти калон!
Гумон мекунам, ки мукофот ба Шумо наарзид!
Ку мукофоте, ки ҳамбаҳои ҷони ҷавони Шумо бошад?
Рафиқ лейтенанти калон, агар дар умрам мукофоте бигирам, ба Шумо мебахшам!
Медонам, ки муҳтоҷи мукофоти ман, умуман, мукофоте нестед Шумо, лекин, ба ҳар ҳол…
охир, мо бо умри Шумо зиндагӣ дорем…
ва боз ман ҳам, чун Шумо бистунуҳсолаам ва агар Шумо дар бистунуҳсолагӣ ҷовидона бознамеистодед, ман кай ба умри Шумо мерасидам?!
Ва боз:
ман ҳам чун Шумо лейтенанти калонам ва агар Шумо ҷовидона лейтенанти калон намемондед, ман на хурд мебудаму на калон…
Ана, ҳамин хел, рафиқ лейтенанти калон…
Акнун, иҷоза бидҳед, зиндагӣ кунам…
Дил
Ман он майам, ки бар дили ҷоме нарехтам, Ман он гулам, ки зеби ягон боғ нестам.
Ҳар рўз сад касест, ки аз рўи меҳру кин Бинад маро, валек надонад, ки кистам.
Ман донаам, валек нарўям ба киштае, Ман оташам, валек бурун аз танўрҳо.
Ман лолаам, ки фасли баҳорон чу шуълае Сар оварад бурун зи гиребони гўрҳо.
Он аскарам, ки теғу силаҳ нестам ба даст, З-ин рў басе зи ҷаҳли адў гаштаам забун.
З-ин ҷўйи обрўй, ки имрўз аз ман аст, Ҳар қатраро харидаам андар баҳои хун.
Ман ҳақпарастаму ҳама дам дард мекашам Аз ҳокимии мушу зи афкандагии фил.
Гоҳе зи мушти ман бишавад даҳр пуштурў, Гоҳе зи мушти даҳр надорам раҳи раҳил8
.
Ман борҳо гусаста зи пайванди умри хеш, Аммо набудаам зи ғами зиндагӣ ҷудо.

пешина
аз 235
навбатӣ