Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шўрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014). Фаъолияти адабию ҷамъиятиаш ҳамчунин бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) ва ордени Ҷумҳурии Ўзбекистон «Меҳнат шуҳрати» (2018) қадр шудааст.

Гар ба дасте омад ин ашъори ман,
Омад он бо дасти Бобохон Ҳасан;
Гар ба дасте омад он бо роҳи ёр,
Омад он бо дасти Абдуллоҳи Ёр.
Эй ки моро даст додӣ, ассалом,
Сабзу пурбар бод дастат, вассалом.
Муҳаррирон
Абдураҳмон Абдуманнон ва Камол Насрулло
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом. Душанбе, «Истеъдод», 2014. 864 саҳ.
Дар китоби нави Низом Қосим ашъори аз навҷавонӣ то ба имрўз эҷодкардаи ў бо риояти тартиби таърихи эҷодашон ҷамъ оварда шудаанд. Шоир, аз наврасии самимона то ба салории имрўзӣ, аз шеър то шеър пайваста боварбахш, дар партави дурахшони муҳаббат, аз сари нанг, аз сари виҷдон қомат меафрозад ва дар пеши назари хонандааш тандеси худ, тандеси шеъри худро бунёд мегузорад.

ШОИРИ ИШҚИ ВАТАН
ё фарёди набзи виҷдон Низом Қосимро аз овони ҷавонияш мешиносам. Ў ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар шеър як вуҷуди дурахшон аз эҳсосоти баланд, аз самимият аст. Як пайкарест, ки дар вуҷудаш, дар суханаш ҳамеша набзи виҷдон, набзи изтиробҳои инсонӣ садо медиҳад. Як инсони ҳамеша бедор ва ҳамеша ҳушёр аст. Бардошти ман аз шахсият ва ашъори ў чунин аст, ки ў мисли аксари мо дар як хонаводаи солими тоҷикӣ, ки дар он одобу суннати миллӣ хуб риоя шудааст, дар мактабу хонаводае, ки ўро дар рўҳияи адабу маърифати тоҷикӣ парвардааст, ба камол расидааст. Ин тарбият ва таълими солим аз зиндагии хонаводагӣ ва муҳити кўдакӣ нақши худро дар шеъри ў гузоштаанд.
Дар китоби нави Низом бо андаке ихтисор тамоми ашъори аз наврасӣ то ба имрўз эҷодкардаи ў бо риояти тартиби таърихи эҷодашон ҷамъ оварда шудаанд.
Аз наврасии самимона то ба салории имрўзӣ пайваста аз шеър ба шеър Низом Қосим дар пеши назари мо боварбахш, дар партави дурахшони муҳаббат, аз сари нанг, аз сари виҷдон қомат меафрозад ва дар пеши назари мо тандеси худ, тандеси шеъри худро бунёд мегузорад. Вақте ба ин тандес менигаред, симои як инсони мутмаин ба худ, як инсони ҳадафмандро мебинед. Инсоне, ки бо ноадолатӣ, бо беинсофӣ, тамаллуқ, дурўғ, фиребу найранг, сохтакориҳо созиш надорад, балки бо онҳо ҷанг эълон кардааст. Аз чашми ў, аз сухани ў нури бовар, нури назари ҷўёи адолат медурахшад.
Ў аз муҳити зиндагии худ, аз тақозои дилу андешаҳои худ шеър мегўяд. Агар шоире мавзўъ меҷўяд, мавзўъ интихоб мекунад, то шеър бигўяд, мавзўъи шеъри Низом худи зиндагист бо тамоми беҳудудиҳояш. Ба назар чунин мерасад, ки Низом метавонад дар ҳар мавзўъу мавқеи зиндагӣ шеър бигўяд. Аз «Либосовезак» то «Доруҳарф», зеро назари ў ба ашё ва ҳодисот аз сари эҳсосоти баланди инсонист.

пешина
аз 235
навбатӣ