Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Андар ин раҳ, ки кардаӣ оғоз,
Эй Ватан, заҳматат бувад бисёр,
Коркарди замин бувад осон,
Коркарди замон бувад душвор.
Имтизоҷ
Зодаи ин кўҳсори пурсадои хомушам,
Ҳамдили ин чашмаҳои дилнавози дилкашам,
Баҳравар то з-ин ҳавои беғашам ман, беғашам,
Эй Ватан, бо ту хушам ман, гар хушам ё нохушам.
Ҷўя-ҷўя бурдам оби ҷўю дарёи туро,
Сарбасар шодоб кардам дашту саҳрои туро,
Қулла-қулла кардаам сад кўҳ тиллои туро,
Сархуш аз ин саркашии қуллаҳои саркашам.
Балки ман умре чу барфи қуллаҳоят будаам,
Гаштаам худ кам, вале ҳусни туро афзудаам,
Бо дили бикшодаам, ин махзани накшудаам
Кардаам умре туро чун қуллаҳоят муҳташам.
Шуълае додам туро, бар ман ту гулхан додаӣ,
Донае додам туро, бар ман ту хирман додаӣ,
Бар ту ман дил бастаам, бар ман ту дил бикшодаӣ,
Дар нумў з-ин ҳамдамию ҳамғамии беғашам.
Аз манӣ ту, бо ҳама обу саробат аз манӣ,
Аз манӣ ту, бо суруру бо азобат аз манӣ,
Аз манӣ, бо ҷумла маъмуру харобат аз манӣ,
Аз туям ман, аз туям, хокистарам ё оташам!
Тоҷикистон
Фалак туро чу аз ҳасад задаст санг ҷовидон,
Ба рағми ин фалак туро зи санг рўяд обу дон.
Бувад ба даҳри сангдил туро зи санг ҷону тан,
Зи санг сохт зиндагӣ барои тоҷикон ватан.
Барои тифл агар туро зи санг гоҳвора буд,
Дурахши санги оташат варо беҳ аз ситора буд.
Ба рағми сангдил фитод чу тоҷике ба сангараш,
Чу тагсарӣ ниҳодаӣ ту сангаке таги сараш.
Чи мардҳои бемисол, чи тифли лолачини ту
Чу доғи лола хуфтаанд ба синаи замини ту.
Шикаст шохае ба боғ, шикаст гўӣ шохи ман,
Шикастгоҳи шохи сабз ғами дил асту доғи тан.
Чу хушк гашт чашмае, пуроб гашт дидаам,
Ки ман зи оби чашмаат беҳ обрў надидаам.
Бо боғшаҳру боғҳот дилам шукуфту боғ шуд,
Сари мазорҳои ту дилам чу лола доғ шуд.
Ба сўи душманат дилам бувад чу санги мушти ту.
Туӣ паноҳу пушти ман, манам паноҳу пушти ту.
Ифтихор
Набзи тоҷиконаи ман зинда медорад маро,
Хуни тоҷикона дар рагҳои ман ҷорӣ бувад,
З-ин сабаб дурам зи хунафсурдагони дилшикан,
Эй басо фарсах, ки аз ман то дилозорӣ бувад.
Халқи ман ҳамзоди ин дунёст в-аз оғози он
Хештанро ҷусту ҷуз роҳи дили мардум наҷуст,
Аз дилу аз нийяти худ ёфт, ҳар чизе, ки ёфт,
То наруст андар дилаш, дар киштааш гандум наруст.
Ман варо азёд мебинам зи роҳи фикру ёд,
Мешиносам хешро аз умри поку неки ў,
Гўшаҳое дар дилам торику рўшан мондааст
Иқтибоси рўзҳои рўшану торики ў.
Душманӣ бисёр диду душманӣ н-омўхт ў,
Бо ҷадал омўхт умре илмҳои душманаш,
Фанд дида бешумору фандро азхуд накард,
Хасми худро фанд дод, омўхта асли фанаш.
Гулхани сарбозии Искандар ин ҷо мурдааст,
Сўзи ҷабраш лек андар сина ҷовидон бувад,
Дар дили дилпарвари тоҷик аз он дам то кунун
Як раги пайванд бо илму фани Юнон бувад.
Халқи ман аз эҳтироми ҳарфу маънӣ бо араб
Фарз мехонду намедонист худ фарзона аст,
Эътиқодаш ончуноне буд, к-ў аз ёд бурд:
Кадхудой аст ў, вале пайғамбараш бегона аст.
Он ки дар ин даҳр ҷуз полони худ рахте надошт,
Он ки умре ҳам набудаш хона дар рўи замин,
Ҷуз ба зин наншаста, якбора ба тахти зар нишаст,
Хокшин шуд кохшину кохшин шуд хокшин.
Дар миёни раҳзанон ҳам халқи ман аз раҳ намонд,
Пешпоӣ хўрд аз сад нокас, аммо рафт пеш,
Гашт рамзи бурдбориву баландии назар
Бо ниҳоди хокиву бо фикри кайҳонии хеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё