Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар шиоре, ки бувад зебандаи девори анборе, сабт гашта:
«Беҳтарин мол – аз барои халқ!»
Лек моли беҳтарин аз баҳри мардум не, барои мардуми пушти шиор аст – ин шиори сурх як девори анбор аст; ҳар матое, ки барои халқ камёб аст, пушти ин девор бисёр аст…
Ҳар навӣ бар чашми мардум мехўрад зуд; қад-қади раҳ бар шиоре бо ду чашми сахт ҳайронаш нигаҳ дорад:
«Шаҳри мо шуд шаҳри ҳушёрон!» - мекунад ово шиор, «Шаҳри мо шуд шаҳри ҳушёрон!» - мекунад бе шубҳае даъво шиор, мастҳоеро вале дар хоку лойи пушти худ доим панаҳ дорад…
Бо ҳама овоз мегўяд шиоре аз ривоҷи сохтмон, чанд тан яъне гирифта хонаи нав, кард шодон бўрёкўбон…
Лек пинҳон аст пушти ин шиор кулбаҳое, ки сазовори замон нест, дархури аҳволи зори одамон нест; кулбаҳое, ки саропо нам кашида, кулбаҳое, ки нами ашки ғами одам кашида; кулбае, ки сарпаноҳи хонадони серфарзанд аст, бо Ватан бо даҳ сипоҳибачча пайванд аст…
Боз пинҳон аст пушти ин шиор хонаҳои бешумори аҳли мансаб – хонаҳои зумраи «олинасаб», к-аз барои тифли андар батнашон ҳам хона доранд, бо зану бо баччаву бо ҳафт пушту пеши худ мошинсаворанд, бар Ватан лекин саворанд…
Сад шиори дигаре мекунад овоза гапҳои китобиро – беҳадаф ё ҳарза гапҳои хитобиро.
Бо ҳама ин қолабӣ будан, аҷаб, монда он бологузар, монда дар мадди назар, з-ин фиребо алҳазар!
Ҳар касе гўяд суханҳои шиорӣ, яъне, ҳарфи аз амал орӣ, худ шиори дигаре бошад; балки бошад аз шиор ў худнамотар, балки бошад аз шиор ў худбаҳотар, яъне, сурат дигару сират дигар.
Худ шиор аз дасти ў гардид хор, Худ шиор аз дасти ў гардид беҳосил шиёр.
Дар хаёлам, он касе, к-ин ҷову он ҷо монда ину он шиори сурхи зеборо, нозарур, аммо фиреборо, зиёнкор аст:
пеша карда яъне ў зоҳирнамоиро, мекунад ҳар ҷой пинҳон норасоиро.
Дар замони мо, агар гўем фошофош, лофзантар аз шиори беҳадаф андар ҷаҳон нест; дар замони мо, агар гўем фошофош, ҳар шиоре зеби девори замон нест.
Ин замон мебояд аз ҳар гўшае бар чашмҳо ҷои шиор рўй бинмояд ба мо номусу ор – яъне, ору нанги мо бошад аён пеши чашмони замон.
Ин замон мебояд акнун рустоқу шаҳрҳои дилкушо бошад шиори мо, ҳамзамони ҷонфидо бошад шиори мо, чашмҳои сери мо бошад шиори мо.
Баҳри ҳушёрӣ дили ҳушёри мо худ як шиори беҳтарин аст; дар садоқат кори мо, афкори мо худ як шиори беҳтарин аст.
Ин замон мебояд акнун кордори даври худ бошем, худ шиори даври худ бошем.
Ҳар шиореро, ки бебор аст, бояд овехт ин замон на ба девор, балки бар дор!
Занбўри асал, занбўри касал…
Занбўри асал фақат асал ҷамъ кунад.
Занбўри касал фақат касал ҷамъ кунад.
Занбўри асал фақат равад аз пайи гул.
Занбўри касал фақат равад аз пайи пул.
Ҳуш дор, ки аз хонаи занбўри асал, Бисёр бувад хонаи занбўри касал.
Бозор бувад хонаи занбўри асал, Анбор бувад хонаи занбўри касал.
Он чист, ки ҷамъ нест дар ин хона, Чизе, ки набуда, чист дар ин хона?!
Занбўри асал шому саҳар ранҷ кашад, Занбўри касал шому саҳар ганҷ кашад…
Либосовезак
Ба сару тан кулаҳу палтое, Ҳамчу одам бувад он аз пасу пеш.
Остинҳо ба қадаш овезон, Нест дасте, ки барад бар дили хеш.
Ў дамондаст сари сина, вале Аз сари сина чи судаш - дил нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё