Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Туӣ рўшантар аз субҳам,
Туӣ дунёи беқубҳам,
Туӣ моҳи пур аз меҳрам,
Дурахшони манӣ имшаб.
Туӣ Ширин, туӣ Лайло,
Туӣ якто, туӣ танҳо,
Вале бо ишқи беҳамто
Фаровони манӣ имшаб.
Наӣ пайванди ҷони ман,
Туӣ садчанди ҷони ман!
Аё эй ҳамтани ширин,
Ту дар ҷони манӣ имшаб!
Мўи ту, ки додаи Худо мебошад,
Як лутфи Худо барои мо мебошад,
Яъне, ки дили шикастаи ошиқро
Беҳтар зи ҳазор мўмиё мебошад!
Додӣ ту тоҷу тахтам, эй ишқи содаи ман,
Бурдӣ ба авҷи бахтам, эй ишқи содаи ман.
Ҳамрози рўзи некам, эй дилфурўзи некам,
Ҳамдарди рўзи сахтам, эй ишқи содаи ман.
Эй шеваи ту некў, эй меваи ту дилҷў,
Дар боғи дил дарахтам, эй ишқи содаи ман.
Дил буд бодмарде, шуд аз ту родмарде,
Заррин шуд аз ту рахтам, эй ишқи содаи ман.
Дунёи шўр кардӣ, маъвои нур кардӣ,
Аз ин дили карахтам, эй ишқи содаи ман.
Дар боғ
Рухи бечин, баҳоронат хуҷаста!
Дили бекин, баҳоронат хуҷаста!
Гулу гулчин фаровон аст ҳар сол,
Гули гулчин, баҳоронат хуҷаста!
Бо борон
Борони тор-тор,
Эй пуртарона ёр,
Ашки маро бубар,
Ёри маро биёр.
Он дилфурўзи дил
Оё зи сўзи дил
Ашке фишондааст
Бар тирарўзи дил?
Бе ў бубин ғамам,
Дунёи барҳамам,
Аз осмони ёд
Борони нам-намам.
Ашки ту рўшан аст,
Пурдарду бефан аст,
Гўё сиришки дил
Аз дидаи ман аст.
Эй бениёз ёр,
Эй кони роз ёр,
Ояд ба роҳи ишқ
Баргашта боз ёр?
Эй парда пеши рў,
Бепардатар бигў:
Дар пардаи ту ҳаст
Торе зи ашки ў?..
Борони ҳамнафас,
Эй ёри дастрас,
Бе ҳампари дилам
Ҳастӣ туям қафас.
Эй ҳамнавои ман,
Гирйӣ барои ман,
Ашкам ба пои ту,
Ашкат ба пои ман…
Содадил
Ёри дил, эй содадил,
Ман ба худат дода дил,
То ба абад инчунин
Хоҳамат озодадил.
Ёри дилогоҳи ман,
Нури саҳаргоҳи ман,
Бо ту гарон меҳри ман,
Бо ту сабук оҳи ман.
Рўи ту – рўи умед,
Бахти ту бодо сафед,
Чун ману ту дилқарин
Кас нашуниду надид!
Меҳри ту шуд чун зиё
Дар дилу дар дида ҷо,
Меҳру муҳаббат мабод
Аз ману аз ту ҷудо!
Ёри дил, эй содадил,
Ман ба худат дода дил,
То ба абад инчунин
Хоҳамат озодадил,
Ёри дил, эй содадил…
Чорёр
Ин Ману Ишқу Орзўву Умед
Чор тан ёри бовафо ҳастем,
Ҳамдами ҳам ба ҳар куҷо ҳастем.
Меҳрро то уфуқ гуселонем,
Моҳро шамъи рози худ хонем,
То саҳар дар қаламрави тақдир
Боз Ман, Ишқ, Орзў, Уммед –
Чор тан ёри бовафо монем.
Ҳукм
Агар сад оби ҳайвон хўрда бошӣ,
Агар ишқат набошад, мурда бошӣ!
Чи уммеди навӣ аз хонаи пурнури шоир,
Агар зери чароғи зарқу барқи ў
Ҳамон шамъи ҳазоронсола месўзад,
Ҳамон парвонаи дерина мечархад?
Ҷаҳолат
Ту – танҳо,
Ман – танҳо,
Намедонем аммо,
Ки ду танҳо ба ҳам биёяд,
Ҷуфт мешавад…
Намедонем, дареғо…
Меравам бо оби ҷўи хештан
То ба рўди обрўи хештан.
Мекунам таъмирҳо, тағйирҳо
Даҳрро дар орзўи хештан.
Дўст медорам ба даҳри пурсадо
Бо дили худ гуфтугўи хештан.
Нестам масти сабўи ҳеҷ кас,
Бар сари дўшам сабўи хештан.
Ғайри чашми хеш дар оинае
Ман надидам асли рўи хештан.
Дар набарди хеш бо хеш эй басо
Буд дастам дар гулўи хештан.
Ҷустани маънӣ маро дар ин ҷаҳон
Бошад асли ҷустуҷўи хештан.
Карда боғи шеъри тар умри маро
Масти ранги хешу бўи хештан.
Шеъргуфтанҳои ман, эй дил, набуд
Ҷуз садо кардан ба сўи хештан.
Умри барқ
Навпайи роҳи куҳан будем мо,
Бастагони ин расан будем мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё