Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷонро ба ҷон расонда ғами тан надоданат!
Дилро хурад ғами ғами дилро нахурданат!
Хуш он даме, ки ҷо шавад охир дили туям,
Эй ҷои ҷовидона аз аввал дили манат!
Ҳосил маро зи аслу зи қалби ҷаҳон бувад
Дилбар тани чу симу дили ҳамчу оҳанат!
Рўида нест қад-қади роҳи ту нозбў,
Нозест – чак-чакон ба раҳ аз нозбў танат!
Дил хост бегунаҳ бикашад пар ба осмон,
Бозаш кашид сўи замин чашми раҳзанат!
Дилбандӣ ончунон, ки дилам хоҳад аз Худо:
Ҳаргиз набинад, эй тани дилсўз, дилканат!
То шуд ба гардани ту маро дасти орзў,
Хун шуд дилам зи дасти ту, хунаш ба гарданат!
Ду афтодан
Зи ҳар афтодани чашмат ба он маҳ,
Дило, беҳтар, ки худ аз Маҳ биафтӣ!
Анҷом
То гашт пур зи меҳрат,
эй моҳ, манзили ман,
То моҳтоби рўят
афрўхт маҳфили ман,
Анҷом ҳам биёбад
афсонаи дили ман,
Ишқат бурун биёрад
садҳо гул аз гили ман!


Бувад чашми дилам рўшан зи чашми пурзиёи ту,
Битобад ахтари бахтам зи ишқи чун самои ту.
Дари чашму диламро боз кардӣ ҷониби дунё,
Ба ҳар дар мекунам ман шукри ишқи даркушои ту.
Агар бошӣ, надонам ман, дилу ҷон дар куҷо бошад,
Набошӣ, дар вуҷудам ҷону дил бошад ба ҷои ту.
Шавад рўзи дилам оғоз, кунад мурғи дилам парвоз
Зи рўи нурполоят – зи субҳи пурсафои ту.
Дар ин дунё агар бошад маро арзанда колое,
Дилам бошад ва он бошад барои ту, фидои ту.
Барои тифли ишқи мо аз ин беҳ нест меросам –
Диламро дар кафат монам, сарамро пеши пои ту!
Дубайтиҳо
Ба сўи ту садо дорам, гули ман,
Наоӣ гар ту, нодорам, гули ман,
Ҳама дунё насиби дигарон бод,
Маро кофӣ – туро дорам, гули ман.
Баро, бе ту барори қисматам нест,
Биё, бе ту насиби нусратам нест,
Ба тахти бахту давлат ҳам нишинам,
Набошӣ гар ту, бахту давлатам нест.
Туӣ ҷонам, туӣ ороми ҷонам,
Туӣ вирди дилам, вирди забонам,
Тавонам чанд ҳатто бе ҳаво буд,
Даме бе ту валекин кай тавонам?
Дилам чун лолаҳои боғ доғат,
Бубинам лолаи бедоғи боғат,
Ба худ оям, ки аз сар рафта умрам,
Чу умри рафта бинмоям суроғат.
Чу ман дар боғи ишқат хор набвад,
Миёни чорсў ночор набвад,
Ба сўят мешитобидам зи ҳар сў,
Дареғо, бахти ман подор набвад!
Набошад дар кутуби даҳр розат,
Нагунҷад ҷуз ба қалби танг нозат,
Чи сон битвонам андар умри кўтаҳ
Бигўям қиссаи мўи дарозат?!
Муҳаббат - гарму сарди синаи ман,
Сурури ман, ғами деринаи ман,
Маро бишносаду бишносам ўро,
Бувад оини ман, оинаи ман.
Сафои ҷону дил дорад муҳаббат,
Бақои обу гил дорад муҳаббат,
Азизон, аз баҳоронаш напурсед,
Зимистон боғи гул дорад муҳаббат!
Ту маро ёри Худо намудӣ…
Ман як афгор будам,
Зору бемор будам,
Туям аз дард раҳо намудӣ,
Ба дилам роҳи раҳо намудӣ.
Аз баҳорон ғофил,
Дар хазон пой ба гил
Будаам, туям бапо намудӣ,
Ба баҳорам ошно намудӣ.
Байни гулзори ҷаҳон
Будаам хори ҷаҳон
Бо гулам ту ҳамнаво намудӣ,
Булбули боғи вафо намудӣ.
Бехуде будаму бас,
Ғофил аз нокасу кас,
Ту маро ёри Худо намудӣ,
Ахтари авҷи само намудӣ…
Намеоӣ
«То кай, эй бевафо, намеоӣ?
Мурдам аз ғам, чаро намеоӣ?»
Ишқ доди Худост, мегўӣ,
Аз барои Худо намеоӣ!
Ту хушандому ман, ки хушназарам,
Бастаи рўи туст чашми сарам,
Ба ғамам ошноиву ба барам
Ҳамчу дилошно намеоӣ.
Дили озода пойбанди ту шуд,
Комширини фанди қанди ту шуд,
Чи табибӣ, ки дардманди ту шуд,
42 Байти халқ
Ту барои даво намеоӣ!

пешина
аз 235
навбатӣ