Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй замони ҳамраҳи он ҳофизи ишқи дили ман Ҷустан аз девони Ҳофиз некфолӣ, зинда бошӣ.
Хоби беҳабро намебинам дигар дар хоби хуш ҳам, Дар хаёл, эй хоби бедимедролӣ, зинда бошӣ.
Ҳар гаҳ афтодам, ба по бархостам бо ҳиммати ту, Эй дил, эй хасми ҳама афтодаҳолӣ, зинда бошӣ.
Эй дурахши қимати зар, эй самои қадри парвоз – Расми дастонсози симурғиву золӣ, зинда бошӣ.
Дар дили ман чун ду қутби Тоҷикистони азизед, Эй ҷанубӣ, зинда бошӣ, эй шимолӣ, зинда бошӣ.
Эй чанори сабз, ҳар баргат бувад чун баргаи шеър, Дар хиёбони зи шоирҳо хаёлӣ, зинда бошӣ.
Эй қади пайваста пеши пастии дунё баландам,

Эй хитобам сўи дунёи саволӣ, зинда бошӣ!
03.03.09. Теҳрон Меравад зан…
Зан, ки ранҷид, меравад як рўз, Зан, ки ранҷид, меравад ҳатман, Нест суде дигар зи баҳсу талош, Нест суде дигар зи мову зи ман.
Меравад зан ба мисли рўди равон (Чун раҳи об ҷонфизо раҳи ўст), Хушкмағзест гар аз ў ғофил, Ташнаҷоне хумору огаҳи ўст.
Меравад зан ба мисли боди баҳор, Мебарад накҳати гулу райҳон, Бедимоғе агар набўидаш, Хушдимоғе бигирадаш дар ҷон.
Меравад зан ба мисли овое, Ин чи овост, олами роз аст, Гар ба гўши каре накард асар, Гўши завқе барои ў боз аст.
41 Илҳом аз шеъри шоири маъруфи рус Сергей Орлов.
Меравад зан чу моҳ, чун хуршед – Меравад ноаён зи мову зи ман, Мешавад тира манзиле бе ў, Мешавад манзиле аз ў рўшан.
Меравад зан чу нури чашм, ки мард Ҳамчу чашм асту зан бувад нураш, Чашм агар қадри нур нашносад, Чашми сар не, Бигў чаҳи кўраш!
Меравад зан чу ашк аз дида, Дурри ашкаш зи кўҳи чеҳра чакон, Ин ҳама ашк нест – Ҳар қатра Санги нанг аст бар сари мардон!
Меравад зан, Зи ашки боронаш Боли бишкастааш шикастатар аст, Эй ки парвози бахт мехоҳӣ, Мурғи бахт ўст!
Гарчи муштипар аст…
Меравад зан…
Нигоҳ кун, эй мард – Меравад бахт, меравад иқбол!
Меравад зан…
Равад ба ҳар ҷое, Мекунандаш чу бахт истиқбол…
Интизор Гулҳои Ватан ба нозу бо роз шукуфт, Кафтаргули нома вақти парвоз шукуфт, Ғайр аз гули дидори ту, эй дури қарин, Дар боғи нигоҳи ман ҳама боз шукуфт.
Мактуби дил Ёри дили ман будиву маҳбуби дили ман, Бе рўи ту бадрўзам, аё хуби дили ман.
Аз боғи вафо бигзару ҳар барги хазонро Бо гиря бихон боз чу мактуби дили ман.
Сар бар сари ин сина бинеҳ аз сари ёрӣ, Ёрона тасаввур бикун ошўби дили ман.
Ё раб, чи гарон аст хазонрези муҳаббат, Бас ҷабр бувад бар сари ҷорўби дили ман!
Сад мансабу мансуб раҳо шуд ба раҳи умр, Ишқ аст ҳамон мансабу мансуби дили ман.
Кас ҷуз дили ноогаҳи ман дар ҳама дунё Огаҳ нашуд аз матлабу матлуби дили ман.
Мулло нашуд ин хирси дил, эй войи ману дил, Ҳарчанд басо хўрд адабчўби дили ман.
Бас бўи алам монд зи пероҳани ёдат, Юсуф чи ҷафо кард ба Яъқуби дили ман!
Аз чанги ту, эй ишқи ман, эй тифлаки бесар, Ҳаргиз нараҳад, то накафад, тўби дили ман!
Бинмудан аз ин беш ҷафоҳо натавонӣ, Эй ишқ, ту бо саркаши маслуби дили ман!
Охир ту маро мекушӣ, аммо ба қиёмат Сар мекашӣ аз оташи саркўби дили ман!
2400 ... дилам имрўз на дар банди ту аст, на зи банди ту раҳо; ҷонам имрўз на ороми ту аст, на бароят шайдо; рўҳам имрўз, аҷаб, бастапои ту наяст, раставоят ҳам нест; сарам имрўз дар оғўшат не ва ба поят ҳам нест.

пешина
аз 235
навбатӣ