Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар шавад кўҳе туро монеи раҳ, барбод бод,
Кўҳкан фарзандҳоят ҷумла чун Фарҳод бод!
Қоил зи Роғун
Кишвар ҳама шуд ҳамгил зи Роғун!
Миллат ҳама шуд ҳамдил зи Роғун!
Бар миллати нур бо ҳиммати нур
Шуд сураи нур нозил зи Роғун!
Шуд чашми хонбин чашми ҷаҳонбин,
Шуд рўҳи коҳил қобил зи Роғун!
Кай ғайри доғаш созад суроғаш,
Ҳар дил, ки монад ғофил зи Роғун!
Бенур дил ҳам, маъзур дил ҳам
Бар нур гардид моил зи Роғун!
Шуд тира ин тан – бори туву ман
Бар ҷони рўшан ноил зи Роғун!
Боло шуд аз ў дасти ҳама дўст,
Пои адў шуд дар гил зи Роғун!
Бас шамъи рўшан шуд ҷамъи рўшан,
Шуд ҷамъи рўшан маҳфил зи Роғун!
Қоил ба ҳар кас будем аз ин пеш,
Бар хеш гаштем қоил зи Роғун!
Аз саҳмияи Роғун
Эй дил, ки шудӣ хушдил аз саҳмияи Роғун,
Бар азми Ватан қоил аз саҳмияи Роғун,
Фардо-т шавад рўшан, саҳро-т шавад гулшан,
Дунё-т шавад ҳамтан аз саҳмияи Роғун!
Бошад сари болоят, андешаи волоят,
Пурнурии фардоят аз саҳмияи Роғун!
Дунё ҳунарат донад, бонангу фарат хонад,
Тоҷат ба сарат монад аз саҳмияи Роғун!
Дар давраи сармоя ҳамсоя нашуд соя,
Бархезу биҷў воя аз саҳмияи Роғун!
Бошад дили масрурат, кошонаи пурнурат,
Хуш маҳфилу хуш сурат аз саҳмияи Роғун!
Дар мактаби пуратфол шогирд шавад хушбол,
Устод шавад хушҳол аз саҳмияи Роғун!
Сад шўру мағал гум бод, ғавғои маҳал гум бод,
Тории азал гум бод аз саҳмияи Роғун!
Роғун нафақат роғ аст, сад киштаву сад боғ аст,
Фардои ту бедоғ аст аз саҳмияи Роғун!
Дар рўшании фардо бо рўшании дилҳо
Бингар ту ба саҳми мо аз саҳмияи Роғун!
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
Нури Роғун бо ҳазор омоли нав
Мерасад чун бахту чун иқболи нав,
Чун фурўзон мешавад бо фоли нав,
Мешавад як рўзи истиқлоли нав!
Халқи моро рўи гулгун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
НОБ-и оддӣ нест, сўзу сози мост,
Баҳри фардои Ватан овози мост,
Як дари бар сўи ваҳдат бози мост,
Балки нерўгоҳи миллатсози мост!
Ваҳдати ҳамрўҳу ҳамхун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
То шавад рўшан Ватанро анҷуман,
Дашту саҳрояш шавад боғу чаман,
Ҳамватан бо зўру азми Кўҳкан
Мекунад бунёд фардои Ватан.
Сад умеди рўзафзун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
Азми инсонист дар Роғун аён,
Кўшиши ҷонист дар Роғун аён,
Бахти кайҳонист дар Роғун аён,
Нури раҳмонист дар Роғун аён! –
Ин садо дилҷўю мавзун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
Эй Ватан, нанги ватандорӣ бубин,
Асли фарҳанги ватандорӣ бубин,
Бар лаб оҳанги ватандорӣ бубин,
Дар бар авранги ватандорӣ бубин.
Нангу номусро, нигар, чун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
НОБ-и Роғун орзўи миллат аст,
Оби Роғун обрўи миллат аст,
Боғи Роғун рангубўи миллат аст,
Нури Роғун нури рўи миллат аст!
Тоҷикистон сарбагардун мерасад,
Фасли нуру нори Роғун мерасад!
Шодбошӣ
Қишлоқаки Чортутро буд анор,
Метофт зи хандаи анор он чу баҳор,
Чун хест баланду рост Абдулло Ёр,
Дар як лаби Чортут рўид чанор!
Эй Ёр, ту дидори муборак дорӣ,
Пур сина зи нуру нори Норак дорӣ,
Аз меҳру вафову лутфу хушгуфторӣ
Баҳри ҳама хушдилӣ қаторак дорӣ!
Рўшандиливу тобу табат рўшанӣ аст,
То субҳдамон вирди шабат рўшанӣ аст,
Дар бетобӣ ба меҳру маҳ менигарӣ,
Яъне, ки давои дил ҳабат рўшанӣ аст!

пешина
аз 235
навбатӣ