Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Вай аз нав асли моро сохт бо хишти суханҳояш,
Тавоно сохт, доро сохт бо хишти суханҳояш,
Душанберо Бухоро сохт бо хишти суханҳояш,
Зи ҳоло азми фардо сохт бо хишти суханҳояш,
Барои мулк дунё сохт бо хишти суханҳояш,
Яке халқи тавоно сохт бо хишти суханҳояш!
Бобоҷон Ғафуров
Халқ хонданитар шуд аз китоби Бобоҷон,
Бештар ба хеш омад аз хитоби Бобоҷон.
Бас малол дар бар дошт, сад савол бар сар дошт,
Қоматаш расотар шуд аз ҷавоби Бобоҷон.
Фаслу боби таърихаш шуд китоби таърихаш,
Гуфт банду пайвандаш фаслу боби Бобоҷон.
Гашт заҳри ноёрон ростин ҳиҷоҳояш,
Шаҳди ҳамдилон гардид ҳарфи ноби Бобоҷон.
Ҳарфҳои ў нағзанд, донаҳои пурмағзанд,
Серии дилу ҷонҳост осиёби Бобоҷон.
Пурдилони миллатро боз зеби майдон кард,
Хасми камдилашро нест ҳеҷ тоби Бобоҷон.
Кони оҳ таърих аст, пургуноҳ таърих аст,
Ҳафт пушти моро бас як савоби Бобоҷон.
Бин чу тораҳои нур сатрҳои рахшонаш,
Аз ғуруб эмин аст офтоби Бобоҷон!
Эмомалӣ Раҳмон
Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рўи кушод омад,
Барои родмардиро намудан марди род омад,
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ бабод омад,
Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад.
Ҷавон буду вале тадбири пирони ҷаҳонаш буд,
Ғами таъриху дарди рўз андар мағзи ҷонаш буд,
Басо гирдоби қисмат хуфта дар ашки ниҳонаш буд
Ва рўди обрўи халқ дар азми аёнаш буд.
Ҷавонмардона барпо хест ўву азми майдон кард,
Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард,
Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,
Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.
Зи халқ афшонда нохудогаҳиву бенишониро,
Тавоно кард расми ҳамдиливу ҳамзабониро,
Замон бахшид ин халқи заминиву замониро,
Накў бинмуд бар халқаш нигоҳи зиндагониро.
Чу шуд дар роҳи азми беназираш ҳамназар бо ў,
Зи нав гардид соҳиббол халқи муштипар бо ў,
Ба нангу номи худ афзуду шуд бисёртар бо ў,
Натанҳо халқу мулке, худ ҷаҳоне шуд дигар бо ў.
Зи худафрўзиаш афрўхт аз нав ахтари тоҷик,
Бишуд бо халқи худ болиданаш болу пари тоҷик,
Бурун овард аз некў садафҳо гавҳари тоҷик,
Зи нав бигзошт ў тоҷи каёнӣ бар сари тоҷик.
Дигар иқболи мардумро нигар, иқболи ўро бин,
Ба ҳар сўе биёрад рўй, истиқболи ўро бин,
Накў омоли ўро бину некў фоли ўро бин,
Яқин ворастагии мулк – Истиқлоли ўро бин!
Дигар ў нест ў, симои халқи Тоҷикистон аст,
Ба дунё ҷилвагар дунёи халқи Тоҷикистон аст,
Аз ў минбарбаланд овои халқи Тоҷикистон аст,
Умеди рўшанаш фардои халқи Тоҷикистон аст!
Мирзо Турсунзода
То абад дар ҳар куҷо халқе агар озода аст,
Посдори азму назму разми Турсунзода аст.
То яке аз дўстони сулҳ дар дунё бувад,
Номи ў бо дўстиву сулҳ ҳаммаъно бувад.
Ҳарфи дилро ҳалқа-ҳалқа ҳамчунон занҷир баст,
Дар ҳама ҷо лек занҷири асоратро гусаст.
Сатрҳояш роҳҳои рост сўи оламанд,
Раҳнамои одамӣ бар қалби поки одаманд.
Андар ин раҳ достонӣ кард халқи хешро,
Бо ҷаҳонӣ дил ҷаҳонӣ кард халқи хешро.
Рўи оламро ба пеши халқи худ овард ў,
Тоҷикистонро ба олам ошнотар кард ў.
Миллаташ бо чашми ў неку бади дунё шинохт,
Халқи олам рўи ўро диду тоҷикро шинохт.
Халқи тоҷик то абад дилпарвару дилдода монд,
Ҷовидон озода бо он шоири озода монд!
Нусратулло Махсум
Ман диёри поки фарҳангофарони бофарам,
Дар арақҳои ҷабини хешу хуни дил тарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё