Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як «даҳум» дар ашки сўзон дид тадбир, Гуфт:
«Ман, охир, зану фарзанд дорам!
Чун равам?
Бар кӣ ду ҷонамро гузорам?!
Ҳеҷ мумкин нест ин сон рафтани ман, Хор онҳову бароҳат хуфтани ман!..»
Бо сухан тадбири бетадбир мекард, Бар ду по аз ашки худ занҷир мекард, Ашки чашмаш чеҳраи пажмурда мешуст, Мурдашў буд ашк гўё, мурда мешуст…
Роҳибе аз ҷои худ оҳиста бархост, Гуфт:
«Фарзандам, ҳақ аст ин ҳарф, барҷост, Ту замонатдори яктои ду ҷонӣ, Баҳри онон дар ҷаҳон бояд бимонӣ!
Ҷуз Худои худ вале ман кас надорам, Меравам сўяш, раҳи вопас надорам, Дар ду дунё бо Худо танҳо қаринам, Пеши ў бояд равам, бе ў ҳазинам…
Ҷони ман,
Аз чашми бадхоҳон ту гум бош, Ҷои ту бошам «даҳум» ман, Ту «нуҳум» бош…»
…Як қадам раҳ, гўӣ, аз нуҳ то ба даҳ буд?
Не, дило, як умри инсонвор раҳ буд!
Як рақам…
Сад зина аммо бурд боло
Қадри нангу қадри номи одамиро.
Освенсим 2. Бим Гузар бинмуда аз ин шаҳр, Гитлер Дар ин манзил шабе хобида будаст, Гунаҳкори ҳама талхии айём Аҷаб не, хоби ширин дида будаст.
…Дару девори меҳмонхона то ҳол Ҳамеларзад аз он пурбим дидор:
Лаъин барҳамзани хоби хуши даҳр Шавад аз нав мабодо боз бедор!
Врослав 3. Латифаи Теҳрон, 1943 …Сталин омаду Рузвелту Черчил, Ба зоҳир – ҷумла ҳамоварду ҳамдил, Ба ботин лек…
Хуллас, ҷамъ гаштанд,
Умеди оламеро шамъ гаштанд…
Қазоро, як саҳар Рузвелт бишкуфт, Ба ҳамтоҳои беҳамтои худ гуфт:
«Бидидам хоби беҳад неку рўшан, Ки бо фармони ғайбӣ гашта аз ман Дилоро ними ин дунё!»
Ҳамоно,
Бидода об Черчил ҳарфи ўро, Бигуфто:
«Бо ҳамон амри мукаррам
Ба хобам шуд зи ман боқии олам!»
Чубуқ дар даст, худ дар дасти тамкин, Табассум кардаву гуфто Сталин:
«Чи қурбе дорад он амри фиребо, Накарда, охир, онро банда имзо!»
4. Ҳайкал Аз мармаре, ки Гитлер
Бо сад дағову ҳав-ҳав
Мехост ҳайкалашро
Барпо кунад ба Маскав,
Бо хоса рамзу тадбир
Кард аз қазо Сталин
Сарбози пурдилашро
Ҷовид ба шаҳри Берлин.
5. Хиёбони Домулло Азизов Салом, эй модари ҷон, эй ки сўям дида бар роҳӣ, Чу пайванди дилу ҷон аз ҳама дарди ман огоҳӣ, Худо донад, чи пазмон гаштаам рўи накўятро, Зи рўи модарон ҳар дам биҷўям тарҳи рўятро, Ба чашми дил бидидам: модарон яксон ба ҳар ҷоянд, Ба ҳар ҷо дар ғами фарзанд ғамбемору раҳпоянд, Аз ин рў, азм кардам: разм хоҳам кард то охир, Аё эй модари ҷон, то шавад шод аз манат хотир.
Бароят менависам, модаро, аз Беларус ин дам, Ғамашро гар бигўям, нома месўзад зи нори ғам, Диёри Беларус афсонавӣ мулке, биҳиште буд, Ҷаҳони мардуми озодаву некўсириште буд, Дареғо, ин замон месўзад андар оташи кина, Ҳамесўзад вайу з-ин сўз месўзад маро сина.
Теҳрон
Берлин
Ба зидди душмани дунаш, аз ин рў, беамон ҷастам, Дар ин раҳ бо бародарҳои ҷон ҳампову ҳамдастам, Маро пайванди ҷони беларусу тоҷик аст ин разм, Дар ин раҳ мекунам бо душмани номард хунин разм.
Саросар ҷангали сабзаш бувад худ сарпаноҳи ман Ва ҳар як навниҳолаш – хоҳари пурсўзу оҳи ман.
Бимонад зинда то ин мулку халқи беғашу сода, Барояш меканам ҷон, то шавад озоду озода, Барои модарону тифлакони беларус аз ҷон Бикўшам, лозим ояд, ҷон бубахшам дар раҳи паймон…
…Фузун аз шаст сол аз разми мо бигзашт, эй модар, Зи нав шуд сабзҷон ин ҷангалу ин дашт, эй модар, Зи ҷон бигзашт фарзанди ту ҳам дар роҳи паймонаш, Ба хоки беларус омехта, шуд як хиёбонаш; Хиёбоне, ки Домулло Азизаш ном бинҳоданд, Аз он то мулки меҳру сидқу паймон роҳ бикшоданд; Хиёбоне, ки тифлонро барад сўи ҷавонмардӣ, Сабақҳошон диҳад аз ҳамдиливу аз ҳамовардӣ; Хиёбоне, ки худ як ҳайкали аҳду вафодорист, Нишони дар раҳи ҳифзи Ватан то марг подорист; Хиёбоне, ки андар Беларус оғоз кардам ман, Ба мулки ҷони ман – то Тоҷикистон мерасад ҳатман.

пешина
аз 235
навбатӣ