Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Фарқе куҷо миёни туву зиндагӣ, вале
Ў сахт мушкил аст, ту осон хуш омадӣ!
Фармонравои мулки диливу ниёзи ҷон,
Берун зи қайди хоҳишу фармон хуш омадӣ.
Эй ҳар шарори наъли самандат зиёи дил,
Рўи саманд сўи Самангон хуш омадӣ!
Саҳна батадриҷ Чашмони Рустаму Таҳмина ба ҳам меафтад…
торик мешавад ва танҳо ҳамон гўшае, ки он ду тан баҳам меоянд, рўшан
мемонад.
Рустам. Худоё, бо нигоре рўбарўям,
Ки умре буд аз умр орзўям!
Таҳмина. Маро ҳам орзўи дил ту будӣ,
Мурод аз ҷустуҷўи дил ту будӣ!
Рустам. Ало…
Таҳмина. Таҳмина…
Рустам. На, на, моҳи ҳуснӣ!
Таҳмина. Яке шаҳдухтарам…
Рустам. Худ шоҳи ҳуснӣ!
Таҳмина. Туро дар орзў мепарваридам…
Рустам. Ман асли орзўро дар ту дидам!
Таҳмина. Бихоҳам аз ҷаҳонат, эй ҷаҳонӣ!
Рустам. Ҷаҳонам бе ту бодо бенишонӣ!
Ҳавои кас набуд андар хаёлам,
Мани размовар аз ҳусни ту лолам!
Таҳмина. Ту бо ман бош…
Рустам. Бехеши туям ман…
Таҳмина. Давоям кун, ки дилреши туям ман…
Манзараи маҳтобшаб. Нури ширгуни чароғҳо бо нури булўри бадани Таҳмина дар бозист…
Рустам. Саропой чун субҳи содиқ туӣ,
Ба хуршеди ман субҳи лоиқ туӣ…
Таҳмина. Туӣ офтобу манам субҳгоҳ,
Ҷуз ин субҳ, эй офтобам, махоҳ!
Рустам. Беҳин ошиқи рўшноӣ манам!
Таҳмина. Туро лоиқи ошноӣ манам!
Саҳна ботамом рўшан мешавад. Ҳардуро дар ҳоли хайрбод мебинем.
Рустам. Таҳмина. Равам ман, вале бо ту монад дилам,
Аё ҳамдилам, эй ҳамобугилам!
Бигунҷам дигар дар хаёлат даме,
Ки дар он нагунҷад гаҳе оламе,
Аё эй даме буда ҳамдам маро,
Нишонат чи монад ба ҷуз ғам маро?!
Шиҳаи Рахш ба гўш мерасад. Рустам осемасар аз ҷо мехезад.
Рустам. Хаёлам, то ки ҳастам, бо ту банд аст…
Бозубандеро аз ҷайб берун меорад.
Зи меҳри ман нишон ин бозубанд аст,
Биорӣ духте аз ишқам ба дунё,
Бидеҳ бо ин нишон гесўяш оро,
Нишонам гар писар з-ин сўзи зебост,
Бубандаш чун нишон бар бозуи рост…
Бозубандро ба Таҳмина медиҳад ва ноаён ғайб мезанад.
Таҳмина, бозубанд дар даст, лол мемонад.
Таҳмина. Биорам духте аз ишқат ба дунё,
Диҳам бо ин нишон гесўяш оро,
Нишонат гар писар з-ин сўзи зебост,
Нишона бандамаш бар бозуи рост…
Саҳнаи 3
Ҳамон манзара. Таҳмина бозубанди дасташро сўи
Суҳроб ёзонда.
Таҳмина. Суҳроб. Бувад аз падар як ҳаминат нишон…
Нишоне аз ў - бартар аз ду ҷаҳон!
Нишон ҷўяму азми Эрон кунам,
Падарвор кори далерон кунам!
Таҳмина. Дар ин олами кунд тундӣ макун,
Бар авҷи ғурурат баландӣ макун!
Суҳроб. Кунам нек таъбир кобусро,
Барам поин аз тахт Ковусро!
На ў лоиқи тахти Эрон бувад,
Ки рўбоҳ кай шоҳи шерон бувад?!
Равам баъд бар ҷанги Афросиёб,
Зи гардиш бимонад варо осиёб!
Таҳмина. Бароям ту ғамҳои афзун маҷў,
Биҷў ёди ҳамхун, вале хун маҷў!
Маро зўри дил бошу дил шод кун,
Худоро гаҳе ҳамчу худ ёд кун…
Суҳроб. Сараввал фақат фикри эзад кунам,
Яке пеши ў гўяму сад кунам!
Таҳмина. Бидонанд Ковусу Афросиёб,
Ки ин ҷо ту ин гуна дорӣ хитоб,
Адўянд, аммо кунанд иттиҳод
Алайҳи ту дарҳол, эй гурди род!
Хурӣ фанд аз ин чуну ин чандҳо…
Суҳроб. Шиносам вале ман чунин фандҳо!
Яке фанд ман ҳам сазошон кунам,
Сазовору барҳақ ҷазошон кунам!
Таҳмина. Худоё!
Суҳроб. Машав инчунин тангдил,
Таҳмина. Сазовори санг аст ҳар сангдил!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё