Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй парда пеши рў,
Бепардатар бигў:
Дар пардаи ту ҳаст
Торе зи ашки ў?..
Борони ҳамнафас,
Эй ёри дастрас,
Бе ҳампари дилам
Ҳастӣ туям қафас.
Эй ҳамнавои ман,
Гирйӣ барои ман,
Ашкам ба пои ту,
Ашкат ба пои ман…
Дилошнои ғам
Ҳар субҳ беқарор туро ёд мекунам,
Ҳар шом интизор туро ёд мекунам,
Чашмони ахтарон чу бирезанд ашки нур,
Бо чашми ашкбор туро ёд мекунам.
Фасли баҳор рафтию аз дил баҳор рафт,
Ашкам қатор шуд зи пайи ту, қатор рафт,
Рафтӣ ту рўй-рўи гулу хор шуд баҳор,
Бар пойи дил ҳам аз гули ишқи ту хор рафт.
Дилтангам аз ту гарчи дар ин олами кушод,
Ишқи кушодарўйи туям ёд бод, ёд!
Кардӣ маро агарчи ту дилошнои ғам,
Ғам бо дили азизи ту ҳеҷ ошно мабод!
Наврўзӣ
Боз наврўз шуду фосилаи кабки рав аст,
Нафаси дарди наву ишқи наву сўзи нав аст.
Боз наврўз шуду хостаам боғи туро,
Ман набинам ба ҷаҳон дарди туву доғи туро.
Боз наврўз шуду пайки баҳорон овард,
Ёди ёрони куҳан бар дили ёрон овард.
Боз наврўз шуду бўи хуши гул омад,
Аз сари шохаи гул чаҳ-чаҳи булбул омад.
Боз наврўз шуду майсаи наврўз дамид,
Кард шукрона дилу ҷон, ки ба наврўз расид!
Боз наврўз шуду рафт зи дил ранҷи хазон,
Бехазон бод гули рўи ту, эй ёри ҷавон!
Куртачакан
Эй куртачакан, куртачакан, куртачакан,
Чун муждаи фасли гул биё ҷониби ман,
Дар куртаи ту карда ватан лолаву гул,
Дар дидаи ман бикун ту, эй лола, ватан.
Аё куртачакан,
Нисорат дили ман!
Эй куртачакан, ба доманат гул дорӣ,
Дар гўши дилам чаҳ-чаҳи булбул дорӣ,
Дорӣ ҳамаву беҳ зи ҳама дил дорӣ,
Моро ба дилу ба дида манзил дорӣ.
Гули боғи дилам,
Ба боғам ту биё!
Машав доғи дилам,
Суроғам ту биё!
Эй куртаи ту ба сурати авҷи фалак,
Эй омада аз авҷи фалак мисли малак!
Аё моҳи само,
Бубин сўи замин,
Биё ҳамчу зиё,
Ба чашмам бинишин!
Эй куртаи ту ба сурати фасли баҳор,
Дар мулки дилам фақат туӣ асли баҳор!
Бишкуфтарухӣ чунону бишкуфтадилӣ,
Танҳо туӣ ин баҳор аз насли баҳор!
Рухат гул бувадо,
Канорат чу чаман,
Бубин умри садо,
Аё куртачакан!
Эй куртачакан, рўяки ту гул воре,
Рўи ту гул асту доманат гулзоре.
Дар боғи ту афтода ману булбули зор,
Ман васли ту мехоҳаму ў васли баҳор!
Бошиву бошам!
Мурғаки меҳрат ба дилам лона кард,
Ҷони маро олами афсона кард,
Ёди ту чун панҷаи нарми сабо
Мўи маро шому саҳар шона кард.
Ҳастӣ туву зинда манам,
Ҷон туиву ман чу танам,
Ҷониби ту мебарад роҳи талошам,
Бошиву бошам!
Гул бишавад гар дилам,
Бар ту бипошам,
Бошиву бошам!
Обу гилам ман, дилу ҷонам туӣ,
Дар тани ман рўҳу равонам туӣ,
Ганҷи ҷаҳонро ба ҷаҳон додаам,
Эй дилу ҷон, ганҷи ҷаҳонам туӣ!
Ҳастӣ туву зинда манам,
Ҷон туиву ман чу танам,
Ҷониби ту мебарад роҳи талошам,
Бошиву бошам!
Гул бишавад гар дилам,
Бар ту бипошам,
Бошиву бошам!
Шукрона
Шукри ту, эй файзи саҳар, шукри ту,
Шукри ту, эй нури басар, шукри ту,
Шукри ту, эй ширу шакар, шукри ту,
Шукри ту, эй ҷону ҷигар, шукри ту!
Чашми ту бикшода ба рўи ман аст,
Наргиси тар дар лаби ҷўи ман аст,
Ҳар нигаҳат гарм ба сўи ман аст,
Шукри ту, эй наргиси тар, шукри ту!
Дид ҳазорон дару дарвоза дил,
Шуд фақат аз ишқи ту овоза дил,
Мешавад аз як нигаҳат тоза дил,
Шукри ту, эй покназар, шукри ту!

пешина
аз 235
навбатӣ