Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Рўди ту наво дорад, кўҳи ту садо,
Шоми ту зиё борад, субҳи ту сафо.
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Гул карда гулат яксар, гул карда гилат,
Шодӣ ба дилат бодо, шодӣ ба дилат!
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Меҳрат ба само болад, моҳат ба замин,
Ҳам меҳрфизоӣ ту, ҳам моҳҷабин.
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Хуш тахти арўсонат, хуш тахти шаҳон,
Шоҳу маҳи ту бодо хушбахти ҷаҳон!
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Тифлони ту хуш бодо, пирони ту хуш,
Шоистаи давронӣ, даврони ту хуш!
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Душанбе
Куҳаншаҳри ҷаҳон бошад фаровон,
Басо шаҳри навин ҳам гашта бунён,
Зи сад нав беҳ туву аз сад куҳан беҳ,
Душанбе, эй Душанбе, эй Душанбе!
Зарафшон меҳру маҳтобат битобад,
Чу зарринрўд Варзобат битобад,
Бигўям: аз биҳиштӣ баҳри ман беҳ,
Душанбе, эй Душанбе, эй Душанбе!
Ҷаҳонро сарбасар гаштему дидем,
Гуле беҳ аз гули боғат начидем,
Дилу ҷонро канори ту ватан беҳ,
Душанбе, эй Душанбе, эй Душанбе!
Аё эй ганҷи кони нокушуда,
Аё эй достони носуруда,
Зи фардои хушат гуфтан сухан беҳ,
Душанбе, эй Душанбе, эй Душанбе!
Тоҷат ба сар бод
Мо ғунчаҳои боғи ту ҳастем ,
Ту гулфишонӣ, мо гулпарастем.
Бошӣ сарозод, эй Тоҷикистон!
Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!
Ту осмонӣ, мо – ахтаронат ,
Ахтар фузун бод дар осмонат!
Бошӣ сарозод, эй Тоҷикистон!
Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!
Пайваста бодо роҳи ту рўшан ,
Бодо канорат гулзору гулшан !
Бошӣ сарозод, эй Тоҷикистон!
Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!
Фарзона бодо фарзандҳоят ,
Ҳамҷону ҳамдил дилбандҳоят!
Бошӣ сарозод, эй Тоҷикистон!
Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!
Ҷовид бодо, эй мулки ҷовид,
Ҳар рўзи ту ҷашн, ҳар рўзи ту ид!
Бошӣ сарозод, эй Тоҷикистон!
Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!
Мулки файзобод
Тоҷикистон, файзҳоят беҳисоб,
Файзҳои бебаҳоят беҳисоб,
Файз хезад аз заминат бешумор,
Файз резад аз самоят беҳисоб.
Шод бош, эй буди мо, бунёди мо,
Файзбахшо мулки файзободи мо!
Майсаҳо дар киштаҳоят сар кашад,
Рўзиатро Ҳақ фаровон баркашад,
Аз самоят файз резад беш аз ин,
Мурғи бахтат то самоҳо пар кашад!
Шод бош, эй буди мо, бунёди мо,
Файзбахшо мулки файзободи мо!
Баста бодо ҷони мо бо ҷони ту,
Бахт бодо ёри фарзандони ту,
Тоқ бодо дар муҳаббат ҳар дилат,
Ҷуфт бодо шаъни ту бо шони ту!
Шод бош, эй буди мо, бунёди мо,
Файзбахшо мулки файзободи мо!
Бигзарад, эй ҷони ман, ин умри фонӣ бигзарад,
Бо ҳама ғамхорагиву шодмонӣ бигзарад.
Гўиё пешат аён бошад каму беши ҷаҳон,
Лек, чун бо чашми дил бинӣ, ниҳонӣ бигзарад.
Дар ҷаҳони пир аз пушти ҳавасҳои куҳан
Ҳайф, бе нақше агар умри ҷавонӣ бигзарад.
Бигзарад аз осмон сад моҳу меҳр, афсўс нест,
Вой, агар меҳри дили ёрони ҷонӣ бигзарад!
Дилситонӣ ҳам ғанимат, чунки рўзе оқибат
Дил бимонад дар канорат, дилситонӣ бигзарад…
Рўзи тавлиди муҳаббат
Ду дил имрўз бо ҳам ёр гардад,
Ду гул имрўз як гулзор гардад,
Ду тан ҳампо бигардад дар раҳи бахт,
Илоҳо, бахташон подор гардад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё