Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба сад дил баҳри дилдорӣ бимирам,
Ҷудо аз гул ба сад хорӣ бимирам,
Ҳазорон ёр дидам ман ба дунё,
Валекин дар ғами ёрӣ бимирам!
Зи чашми шуълаборат сўхтам ман,
Ба сина гулхане афрўхтам ман,
Ба даврони забони англисӣ
Забони ишқи ту омўхтам ман!
Висолат бахти бепоёни ман буд,
Лабу рухсорат обу нони ман буд,
Дили ман даврҳо мезад ба даврат,
Дар ин даврон ҳамон даврони ман буд.
Чу рафтӣ аз сарам, ҳуш аз сарам рафт,
Ҷаҳон чун ашк аз чашми тарам рафт,
Чи гўям шарҳи ҷонсўзи фироқат,
Чу рафтӣ, дилбаро, дил аз барам рафт!
Ту, эй гул, бо баҳори ман чи кардӣ?
Ту бо дил, эй нигори ман, чи кардӣ?
Дилам буд ёдгори ишқи покат,
Ту бо он ёдгори ман чи кардӣ?
Ба нурам бе ту нори ман нагунҷад,
Гуле ҳам дар баҳори ман нагунҷад,
Чи кардӣ бо канори беканорам,
Ки дил ҳам дар канори ман нагунҷад?!
Басо шабҳо, ки будам бе ту бемор,
Басо шабҳо, ки хуфтам бо ту бедор,
Туро бисёр кам дидам ман, афсўс,
Маро з-ин рўй кам дидӣ ту бисёр…
Куҷоӣ, ёри дилхоҳам, куҷоӣ?
Дилафрўзам, дилогоҳам, куҷоӣ?
Бигуфтӣ: роҳи ишқ охир надорад,
Ба охир мерасад роҳам, куҷоӣ?
Гули ман, ҷои ҳайронӣ набошад,
Ки ин сон бахти инсонӣ набошад,
Гаҳе бошад забонат дар даҳонам,
Чу ман рамзи забондонӣ набошад!
Тану ҷони ҷавонатро бибўсам,
Ҷаҳони бекаронатро бибўсам,
Бидонам то забони дўстдорӣ,
Бувад то ҷон, забонатро бибўсам!
Дар ин дунёи пур аз доду бедод,
Дар ин мулки пур аз деву паризод
Ту некӣ бо ҳама, бошӣ накўбахт,
Ту ёрӣ бо ҳама, ёрат Худо бод!
Аё тимсоли хубию ҷавонӣ,
Баланд аз осмони ормонӣ.
Чу з-ин пас ҷони ман ҳам дар тани туст,
Маранҷ, эй ҷон, агар гўям: дуҷонӣ!
Чи хуш имшаб, ки метобад ситора,
Заминро моҳ месозад назора,
Биё, бо ман бубин, ин лаҳзаҳоро
Намебинам, намебинӣ дубора.
На қасру на саро хоҳам, нигоро,
На ахтар аз само хоҳам, нигоро,
Ду-се рўзе насиби мост дунё,
Туро, танҳо туро хоҳам, нигоро.
Саре савдо надорад бе муҳаббат,
Диле дарё надорад бе муҳаббат,
Набошад ў, ҷаҳон муште маҷоз аст,
Ягон маъно надорад бе муҳаббат!
Ало ҳамқисмати санҷидаи ман,
Пару боли дили болидаи ман,
Бирав аз дидаи ман бо нигоҳам,
Бимон бо акси худ дар дидаи ман!
Ту ҳамхони манӣ, ҳамҷони ман бош,
Чу ҳампаймона ҳампаймони ман бош,
Маро аз ишқи ту шуд кор мушкил,
Ба ёди қисмати осони ман бош!
Чаро умре зи дарду ғам бисўзем?
Барои ҷумла бешу кам бисўзем?
Биё боре, ки чун парвонаву шамъ
Канори ҳам, барои ҳам бисўзем!
Нигоҳи чашми обии ту хоҳам,
Ҷамоли офтобии ту хоҳам,
Фузун хондам вафоҳои китобӣ,
Вафои нокитобии ту хоҳам!
Вафои бефанат армони ман бод,
Суханҳо гуфтанат дармони ман бод,
Тани бедарди ту - ганҷинаи ман,
Ҳама дарди танат дар ҷони ман бод!


Дарёи манию ҳастам обат умре,
Оташдиливу манам кабобат умре,
Ман чун гули офтобу ту умри манӣ,
Ман саҷда кунам чу офтобат умре.
Ҳамроҳи дилам бишав, ба манзил бирасам,
Дарёи дилам бишав, ба соҳил бирасам,
Бо ман бирасӣ агар, мани хастаи роҳ
Бо дил бирасам, ба хидмати дил бирасам!
Дар олами бевафо вафодор туӣ,
Ноёр фаровон бувадам, ёр туӣ,
Оне, ки нишони зиндадил будани ман
Дар сина чу дил тапад батакрор, туӣ.
Эй ёри дилам, ёри дилам, ёри дилам,
Афгори дилам бе туву бемори дилам,
Гар худ накунӣ илоҷ, ман чун бикунам,
Ту зўри дили маниву ман зори дилам!

пешина
аз 235
навбатӣ