Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҷомаву пираҳанаш ҳеҷ напўшонд сухан, Гарчи пўшонд бас ў ҷомаашу пираҳанаш.
Ҳамаро роҳ нишон доду ба ҳар ҷой расонд, Навраҳон монд ба сар гарди раҳ аз мову манаш.
Бошад ағёри наваш бешу набошад бокаш, Маънии нав ба ҳама ҷост чу ёри куҳанаш.
Рафта помард бурун, нест аҷаб, карда агар Дасткўтаҳ ба ду по ҷуръати даркўфтанаш.
Оби ширин ҳама хўрдем зи ҷўи шеъраш, Ёди мардона биёрем чу як Кўҳканаш!
Ў нагунҷид дигар дар ватани кўчаки хеш, Ки бузург аст…
Бузургӣ ту, аё ҳамватанаш?!
Як умр пеш-пеш
Аз ту равон фақат
Як хомаи ту буд
(Дар номаҳои ту).
Баъд аз чунон ҳаёт
Инак, бувад равон
Он гуна аз ту пеш
Танҳо асои ту.
Марди сухан
Барои Абдулҳамиди Самад
Нест афзун он қадар марди сухан, Марди огаҳ аз ҳама дарди сухан.
Бурдану овардани як хома нест
Хомадоро, бурду оварди сухан!
Як амал дар зиндагонӣ мушкил аст – Сохтан бо гарму бо сарди сухан.
Дар сухан бин сурхрўиро фақат, Дар сухангў – чеҳраи зарди сухан.
Зерсанги осиёбаш мешавӣ,
–
Нест осон ёфтан гарди сухан!
Мешавад бо дарди дил як умр ҷуфт, То сухангў мешавад фарди сухан.
Зуд ҳосил хоҳӣ аз киштат агар, Кам бигардо гирди огарди сухан!
Мебарӣ сад кўҳи нозашро ба дўш, Мешавӣ то нозпарварди сухан.
Сангро дар синаҳо дил сохтан – Ин бувад асли амалкарди сухан!
Халилӣ
Дар оташ аст, дареғо, куҳандиёри Халилӣ, Гули шукуфтаи оташ бувад баҳори Халилӣ.
Ба сафҳаҳош чу бар ҷабҳаҳо нигоҳ кунед – Шадид буду бувад кору корзори Халилӣ.
Зи роҳи дил қаламаш рафт бо хаёли қаламрав, Ҳанўз рамзи шиёрест ҳар шиори Халилӣ.
Ҳазор доғи Ватанро ба дил чу боғи Ватан бурд, Ба ранги лола ҳама сар зад аз мазори Халилӣ.
Ба дашти сафҳаи ў бин ғизолҳои ғазалро, Сано бигўй ба ҳар дому ҳар шикори Халилӣ.
Зи ҷумла шеъри гуворош пеши рўй биёяд Зи ранҷи меҳани худ умри ногувори Халилӣ.
Дар ин ҷаҳон, ки писандида расми ноёрист, Худой - ёри халилон, Худой – ёри Халилӣ!
Ғазали Исфаҳон
Эҳдо ба Алиризо Қазва – шоири машҳури Эрон ва дўсти тоҷикону Тоҷикистон дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон Дурахшон аст чандон дидаи пиру ҷавон имшаб, Замин ҳам гаштааст аз ахтари чашм осмон имшаб.
Дар ин маҳфил фақат дилбурдаву дилдода мебинам, Ҳама зебодили дунёст дар чашмам аён имшаб.
Тамошоист, эй дил, чеҳраи бишкуфтаи ёрон, Тамошоист дар ҳар чеҳра боғи арғувон имшаб.
Нишоти зиндагонӣ мебарам чун Зиндарўд имрўз, Чу Корун мешавам шодобдил сатри равон имшаб.
Бақои бахти Эрон устувору собиту барҷо Сутунҳо дидаам бар об акси ҷовидон имшаб.
Намеояд ба ёдам аз тамошои ҷаҳон нақше, Ки боби дидан аст аз даҳр як Нақши Ҷаҳон имшаб.
Кабўтар мешавам дар саҷдагоҳони азизонаш, Вуҷудам мешавад саршор аз атри азон имшаб.
Дигар, эй ҳамзабон, рози диламро интиҳое нест, Дили ман боғи савсан мешавад бо сад забон имшаб.
Бихон бо ман, дило, ҳамчун асал ширинғазалҳое, Даме ҳамрози дил бо ҳазрати Сойиб бихон имшаб.
Худо ҳофиз, аё Шероз, аё Саъдӣ, аё Ҳофиз, Чи бахте – аз гулистон омадам бар бўстон имшаб!
Ҳавои ҳар диле ҳамчун ҳавои Исфаҳон соф аст, Пас аз ин шеърборон медамад рангинкамон имшаб!
Зи гулҳои рухи ёрон, ки дар ҷону дилам рўид, Шукуфо мешавад дар ман тамоми Исфаҳон имшаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё