Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Тоҷикистони мо, Тоҷикистони ман,
Нури андар нигаҳ, ҷони андар бадан,
Ҷовидон ҷон ба ҷон, ҷовидон тан ба тан
Бо туем, эй Ватан, бо туем, эй Ватан!
Ҷўи ашкат ба чашм, боди оҳат ба дил,
Пуштаву киштаат, дону коҳат ба дил,
Дар раҳи зиндагӣ гарди роҳат ба дил,
Ахгару ахтарат, меҳру моҳат ба дил.
Тоҷикистони мо, Тоҷикистони ман,
Нури андар нигаҳ, ҷони андар бадан,
Ҷовидон ҷон ба ҷон, ҷовидон тан ба тан
Бо туем, эй Ватан, бо туем, эй Ватан!
Некаҳд эй Ватан, бовафои туем,
Дастгир эй Ватан, по ба пои туем,
Дардҳоят ба ҷон, мо давои туем,
Ҷовидонӣ бимон, мо фидои туем!
Тоҷикистони мо, Тоҷикистони ман,
Нури андар нигаҳ, ҷони андар бадан,
Ҷовидон ҷон ба ҷон, ҷовидон тан ба тан
Бо туем, эй Ватан, бо туем, эй Ватан!
Эй Ватан!
Чашмаҳо будем сокит дар канори кўҳсорат,
Роҳ бикшодиву моро рўди пурамвоҷ кардӣ;
Кардӣ аз мои заминӣ роҳҷўёни замонӣ,
Ошно бо авҷамон кардиву бо меъроҷ кардӣ;
Боғҳо будем дар роҳи ҳаводис,
Гирдамон девор гаштӣ – эмин аз тороҷ кардӣ;
Хокшин будем чун гулбаргҳои уфтода,
Рўи тахти меҳри худ бурдиву соҳибтоҷ кардӣ!
Мавлои Балх
Чун ишқ зебо омадӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Оташ ба ҷону дил задӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Кардӣ маро бо ман қарин, дилофаринӣ, офарин,
Эй дилтарин, эй ҷонтарин, ё пир, ё Мавлои Балх!
Чашмам ба сўят равзан аст, қалбам зи нурат равшан аст,
Ҷонам куҷо банди тан аст?! Ё пир, ё Мавлои Балх!
Масти майистони туям, барги найистони туям,
Як нолаи ҷони туям, ё пир, ё Мавлои Балх!
Бо нури ту рўшан шудам, бо бўи ту гулшан шудам,
Аз тан гузаштам, ман шудам, ё пир, ё Мавлои Балх!
То чун найистон рустаам, аз ин дайистон растаам,
Дил бар майистон бастаам, ё пир, ё Мавлои Балх!
Бо савти най бархостам, дидам, ки ҳар ҷо ҷостам,
Растам, ки кардӣ ростам, ё пир, ё Мавлои Балх!
Гар ғўра ё салхи туям, ширин ва ё талхи туям,
Аз Рум ё Балхи туям, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй ишқи пок, эй ошиқӣ, эй рамзи сидқ, эй содиқӣ,
Шамсӣ ту бо ин бориқӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Шамси ҷаҳони дигарӣ, рўҳи равони дигарӣ,
Бар ҷисм ҷони дигарӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй рўд, эй амвоҷи ман, эй авҷ, эй меъроҷи ман,
Тоҷики соҳибтоҷи ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй Офтоби Шарқи ман, дар Ғарби Шуҳрат ғарқи ман,
Аз туст рўшан фарқи ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Аз ту саробам об шуд, олуда ҷонам ноб шуд,
Партоби ман пуртоб шуд, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй базми дил, эй сури дил, Мансури дил, манзури дил,
Эй нури нури нури дил, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй зиндадори паҳлавӣ, ояндадори маънавӣ,
Шуд куҳна дунё, ту навӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй марзи ман, эй буми ман, мафҳуми ман, мавҳуми ман,
Эй Балхи ман, эй Руми ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй ишқ аз ту бехазон, эй сидқ аз ту ҷовидон,
Эй асли ин, эй асли он, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй фавҷи авлотар зи фавҷ, эй мавҷи дарётар зи мавҷ,
Эй авҷи болотар зи авҷ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Шеъри роҳ
Дар ҷаҳон роҳе агар манзилбар асту сода аст,
Сатри шеъри содаи устод Турсунзода аст.
Хешро дар роҳи умр аз ранҷи роҳ огоҳ кард,
Роҳҳоро шеър карду шеърҳоро роҳ кард.
Роҳҳо бурданд ўро то ба дурии ҷаҳон,
Шеърҳо бурданд ўро дуртар – то ҷовидон.
Дар ҳиҷрати Бозор Собир
Он ки як умр ватан сохт зи хишти суханаш,
Худ чу маънии ғариб асту сухан чун ватанаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё