Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа
Низом ҚОСИМ
16 сентябри соли 1958 таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёна ва соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филолог-журналист» хатм намудааст.
Солҳои 1979-2006 ба сифати мухбир ва мудири шуъбаи рўзномаҳо, ходими маҷаллаи «Садои Шарқ», корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири Вазорати фарҳанг, муҳаррири варзидаи нашриёти «Адиб» кор кардааст. Солҳои 2006-2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон», солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рўйхати ҲХДТ) буд. 1 марти соли 2015 бори дувум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба ҳайси муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ фаъолият намуд. 30 июни ҳамон сол дар Анҷумани XIV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раиси ин созмон пазируфта шуд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи феврали соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони СССР, аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китобҳои ашъори «Хўшаи шеър» (нашриёти «Ирфон», 1984), «Хуни ситора» (нашриёти «Адиб», 1988), «Паровар», («Адиб», 1990), «Қаламҳой» (нашриёти «Маориф», 1997, нашри «Чархи гардун», 1998), «Барги саломи сабз», («Адиб», 2002), «Тафсири панҷ оҳ» («Адиб», 2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (барои кўдакон, нашри «Истиқбол», 2008), «Кўҳи садо» (ба хати форсӣ, Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикӣ, 2010), «Чорсў», «Аз ассалом то вассалом» (нашриёти «Истеъдод», 2014), «Хомасўзан», («Адиб», 2014), «Биё, дилро ба барги гул бипечонем…» («Адиб», 2018), «Насими сабзи меҳр» («Маориф», 2019), «Оташи тасвир» (Хуҷанд, «Хуросон», 2020), «Хўҷа, ҷўча ва чўҷа»
(барои кўдакон, нашри «Истиқбол», 2021) мебошад.
Дар инъикосу муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳаёту адабиёт фаъолона ширкат меварзад. Мақолаҳои илмии оммавиаш бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқ диққатҳоро ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, дар бораи ҷиҳатҳои алоҳидаи эҷодиёти бисёр адибони маъруф ва ҷавони муосир мақолаҳо навиштааст. Маҷмўаҳои очерку лавҳа ва мақолаву мусоҳибаҳояш «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (дар бораи Бозор Собир), «Дили «Дарё» (дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билол, нашриёти «Истеъдод», 2013), «Бо сўзҳо то созҳо» (дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, ҳамон ҷо, 2014), «Меҳру сеҳри шеър» (нашриёти «Маориф», 2016, бо иловаҳо 2018), «Аз ҳақиқат, аз маҳорат, аз ҷасорат» («Дониш», 2022) ва «Як хомаву сад нома», ки омодаи чоп аст, намунаҳои онҳоро шомиланд.
Асарҳои саҳнавӣ низ менависад. «Тилгиром», «Амир ва асир»
(манзум), «Борони ашк» («Курўш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Аз рўи либреттоҳояш «Рустам ва Суҳроб» (оҳангсоз Талаб Саттор), «Борбад»
(оҳангсоз Мустафо Вафоев), «Кони пурганҷ» (оҳангсоз Шуҳрат Ашўров) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду опера ва як оперетта таҳия гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё