МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
мегӯяд ва механдад. Одами ба ғазаб омада ҳам рафтору гуфтори ӯро дида завқ мебарад. Аммо дар зимистон андаке кораш вазнинтар мешавад: зеро либосаш тунук, пойафзораш дарида ё ноинҷол; баройи сармо мувофиқ нест. Валек парвойи ин чизро надорад; тиҳипой ҳам он корҳоро иҷро мекунад ва ба худо шикоят намебарад. Ин баройи онҳое сахту мушкил метобад, ки аҳволу азоби ӯро мебинанд: дар яхбандиҳо табар бурда яхи ҷӯйборро шикаста, дусатила об мекашонад ва ҳамин ки назди оташи дегдон омад ҳис мекунад, ки сармо кашидааст ва кафи дасташро ҷониби оташи фурӯзони дегдони заминакӣ медорад; сонӣ рӯйи кундае нишаста, кафи пояшро низ медорад ва андаке гарм, ки шуд:
«Хунук хӯрдам» мегӯяд. Баъзеҳо механданд ба чунин хунукхӯрийи ӯ, ки гарм шуда, хунук мехӯрад; бархе дар дил хун гириста, чизе гуфта наметавонанд. Ягон-ягон дилашон обмехӯрдагиҳо баройи дилдорӣ ё ҳаваси ӯро овардан мепурсанд: «Боҷӯрабой, тӯй кай?» «Баъди ҳамин маърака!» ҷавоб мегӯяд ва завқ мебарад. Синни ӯ ба ҳафтод расидааст. Сол намешуморад. Валек ҷавобаш чунин.
Тобистонҳо ба лой мезанандаш; ҳар куҷо ҳашар бошад, ӯ ҳозир. Омӯхта шудааст бо корҳову тарзи зиндагийи кӯҳна.
Дар замони нав одамон ба қадами гузоштаашон пул мехоҳанд. Ӯ ба маънийи ин чиз сарфаҳм намеравад. Диҳанд, мегирад; дурудароз ба он чиз менигарад «билло ҳа» мегӯяду завқ мебарад ва касе намефаҳмад, ки Инсон чӣ мегӯяд; шояд худаш ҳам нафаҳмад, ки завқу ҳарфаш чӣ маънӣ дорад; агар мефаҳмид, шояд мегуфт. Шояд мегуфт, ки ӯ чӣ андеша дорад дар рӯзгори мо ва чаро ин қадар ба боло менигарад дар танҳойиҳо, вале миёни мардум касе надидааст, ки ӯ сар боло карда бошад; гӯё ҳама умр аз замин, аз роҳи пеши пояш чизе меҷӯяд. «Боҷӯрабой!» ин садоро шунида таққӣ дар ҷояш меистад ва ё пойафзори вазнину гаронаш тормоз дорад, ки зуд қарор мегирад ва ӯ оҳиста сар тофта, сӯйи овоз менигарад, то андешаҳояш аз сар напарранд. Баъд он одамро шиносад, хандида бо сар ишора мекунад: «Чӣ мегӯйӣ?» Нашиносад, беҷавоб боз роҳашро идома медиҳад. Пойафзораш заминро харошида-харошида меравад. Танаш пешравтар аз пойҳояш; гӯё танаш аспу пойҳояш ароба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё