Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар ин умри кӯтоҳ он қадар азоб кашидаам, ки Худо донаду ман. Умрам ба сангшиканиву сангкашонӣ гузашт.
Дастонам пур аз обила, ки пӯст баста – пӯст баста устухон шудааст. Банди пойҳоям пур аз пайи сангпораҳо... Шояд аз ман ранҷида бошӣ, ки як умр ба сарат путк мезанам? Саратро кафонда, пора – пораат мекунам? Бубахш. Илоҷи дигар надорам. Агар ҳамин хел нашавад, вазни туро ҷуз Замин касе бардошта натавонад. Устое кор фармуда ҳам натавонад. Айби худат, ки масолеҳи зарурӣ шудайӣ: арзонтар нисбати дигар чизҳойи сохтмонӣ. Сонӣ, Худо моро додааш ҳамин санги сахт. Агар чӯб медод; заминҳойи ҳамворро ба мо ато карда сарву санавбар мекошт, он қадар азоб намекашидем. Инак аламамонро дар сари санги сахт мешиканем. Ҳарра бишав!
Ман барин кӯр нестӣ, ки роҳи рафтро набинӣ. Рост биғел, рӯйи сой меравӣ. Онҷо ҳамвортар ва шикастанат ҳам осон.
Лекин дар ин нишебийи лағжон пойи кас намедорад. Хаёлам оқибат ҳарду такорӯ то таг меғелем ва... Худо нишон надиҳад, ки як умр дар даҳони мардум мисол шавам. Боз мегӯям: «Ман барин кӯр нестӣ!» (Айнаки аз ду рӯ пур аз чангу ғуборро гирифта бо лаби домон тоза карданӣ мешавад, гарчӣ донад, ки аз он суде нест; чизе аёнтар нагардад. Шояд танҳо баройи ба чашм нарасидани сангрезаҳойи пошхӯрда онро ба чашм гузорад.) Ҳазор қабат ғубор гирифтайӣ-ку!
Равшан нагаштӣ, нагаштӣ... Не айби ту не, айби чашм, ки равғанаш тамом шудааст, равғани чароғи сиёҳ барин. Э Худо!
Лампочка барин дар мегирондӣ, ки ялаққос зада мерафт; ҳама ҷоро як хел рӯшану тозаву озода медидам! Давраҳойи кӯдакӣ барин. Ҳӯӯӯ дар сари кӯҳи Ҳисор як зоғ менишаст аз ҳамин ҷо медидам... Ҳозир худамро бинам, намешиносам... Нигар, трактори ҳамсоя чӣ хел давр мезанад; Замину Осмон барин; санги осиё барин. Ҳама чизро фурӯ мебарад-гандумро сурма мегардонад. Фақат ба ту зӯраш намерасад. Ту он қадар ҷонсахту зӯрӣ ва чунон боқадрӣ, ки ба дӯши одамон, бордони тарактору мошин бор шавӣ. Ва имрӯзҳо пурарзишу пурэҳтиром гаштайӣ, ки... зеро дастгоҳҳойи оҷурпазӣ ҳама фурӯхта ё валу вайрон гаштаанд. Замонҳое буд, ки гардунаҳойи боркаш бепул мекашониданд. Ҳолиё вазни киро гаронтар аз вазни санг шудааст.

пешина
аз 344
навбатӣ