МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шоҳу гадо мирад; пайғамбару умматаш низ. Яке шоҳона, дигаре гадоёна. Дар он дунё низ аз рӯйи мартабаву садрнишиниаш ҷою манзил гузинад ва мурдагӣ кунад. Ҳеҷ гадоро «дар олами ҳастӣ азобу шиканҷа кашидӣ» гуфта, бар маснади шоҳӣ нанишонанд. Мурд. Маъошаш ба қадри маъоши пешинааш. Рӯзгораш низ. Аёлаш ҳам ҳамон зани бечораву берӯзӣ.
Дастпонаву ангуштарийи зани шоҳро ба дастони ӯ наандозанд; гӯшворайи духтари хазинадорро ба гӯшаш наовезанд; ҳатто ӯ зани ҳаштуми банкир нашавад. Қумондонҳо низ надуздандаш ва ба ивазаш доллар талаб накунанд... Ҳамон фиқири нодори бо ҳазор орзуву армон ва хаёлҳойи талху ширин мурда, бори дигар бимирад норозӣ аз ин Дунё низ ҳам:
«Оҳ! Рӯз надидам дар ду сарой!»
Дар чунин ҳолу ҳолат беҳтарин сухан гӯяд:
«Кош зода нашудам-э!»
26.04.07.
САНГФАРСО
«Худо маро он қадар бандайи нек надонистааст, ки дар рӯзҳойи барфу борон ҳам нагузорад ором бошам, дам гирам.
(Сангро ишора карда) Охир ин сарсахтро бинед! Рӯйинтан. Ба сараш ҳазор бодкон мезанӣ, устухони дастат мешиканаду сари ин беҷон на! Э, сарсахт-э! (Путки гаронро як сӯ андохта.
Сангеро тела дода.) Номаш ба худаш – Санг! Чаро нағелӣ?
Биғел! Ҳарра бишав! Ҳама чиз биғелад ҷуз ту! Вазнин-дия!
(Ба осмон нигариста.) Ана бин, самолёт чӣ хел меравад! Чархаш нагардад, як ваҷаб ҳам намеравад... Баъзан ситораҳо дар он баландӣ парридаву ғелида, дар пешонийи фазо абрӯ кашида мераванд. Лекин ту ландаҳӯрро бо мисрону фишанг бардошта, тела дода ғелонданӣ шаванд ҳам нағелӣ. Ғел охир! То ба кай ман туро рӯйи даст ё бар дӯш бардошта барам? Бар сангкаши пушти хар; ба чигина; бар мошину ароба бор карда арӯсона барам? Нишебӣ-ку? Ҳарра бишав! Одам шав! Ба пойи худ бигард! Инсоф ҳам чизи хуб... Ё ту ҳам. Ё ту ҳам мисли ҳама ноинсофҳо беинсоф? Аз мӯр мадад, гуфтаанд; ана ман то зӯрам расидан мадад мекунам, худат биғел! Азобам надеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё