МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Ман...»
«Ту рӯйирост дар саҳнайи олам пеши Ғилдирак пасс шудӣ, вай чун хурӯс бол овезон карда гирдад танид».
«Бо шумо Худо баробар наояд, банда баробар шуда наметавонад. Дар баҳона устухон надоред».
«Ту бо ман ҳамзабон нашав. Ягон лафзи нохуб аз даҳонам барояд, суд надорад. Бо хубӣ ҷавобатро диҳам... Дунёйи бӯқаламун. Кӣ медонад? Шояд дар ягон саҳнайи бузурги Олам «нумури навбатӣ»-йи ҳардуямонро монанд».
«Не! Нумури навбатӣ намешавад. Дар дунё чӣ бисёр?
Овозхону раққоса...»
8.04.07.
ҲАҚГӮЯК
Писарак чӯҷайи парранда овард риштадарпо. Касе муайян карда натавонист, ки он чӯҷайи чист? Чӯҷайи уқоб, боз, боша, калхот, чӯҷабарак, мушгир, бум ё чӯҷайи мурғи пайғомбар, ки ҳар сол дувоздаҳ рӯз пеш аз Наврӯз омада дар шохи чинор лона мегузошт. Ҳафт сол аст, ки касе онро надидааст; намеояд. Шояд аз бачаҳойи камонғӯладор тарсида намеомада бошад. Зеро бачаҳо зиёд камонбозӣ мекардагӣ шудаанд... Ин чӯҷайи зиндачашми ҳушёр ба ҳама паррандаҳойи гӯштхӯр монанд, вале касе номашро намедонад. Гӯшт мехӯраду ҷурғот меандозад. Ба кас нигоҳ намекунад. Лек илоҷ ёбад, чашмро канда мегирад. Мурғон мегурезанд; ҳатто хурӯси ҷангӣ. Аммо филмурғ бо болаш зада меғелонад. Ӯ панҷаву минқор тез карда меҷаҳад, пой дар ришта аст. «Ин чуғзро гум бикун! Ин кӯри бумро дафъ бикун!» Модарро хуш наомад ин чӯҷайи хаппак; на «чуғ!» мегӯяд, на «бум!». Пой ба замин тира карда парвоз кардан мехоҳад, риштайи таранги пояш сӯйи замин мекашад. Якпоя ба замин менишинад. «Ҳамту озод накун, ки як чӯҷа намемонад! Бикуш!» Модар ин ҳарфро гуфту як қад паррид: «На-на! Бубар аз сари шахи Сафед ба ҳаво андоз!
Пешониашро Худо кушояд!»
Писаракро дил намешуд, ки ин корро бикунад. Ӯ боз пиндошта буд. Сайёдӣ омӯхтан мехост. Аммо модар исрор мекунад, ки ин мурғи баднигоҳ хушӣ намеорад... Орзуҳояш муранд ҳам сухани модарро ду накард: Сари шах баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё