Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳааа... Вай? Лабисойӣ? Ҳарфҳойи ӯ намозӣ нестанд.
Асал холааш-а?
– Холааш, аммааш... ланг ҳаст-ку...
– Ин шумбача, тахмин бо ягон кас дастогиребон шудагӣ, қасдан Асалашро бурдаанд. Дар ин вақт гург аз куҷо? Мол дар сари ағба, гургон гирди мол мегарданд.
«Ҳооо... Асалро гург бурд-ооо!»
– Ҳар шаб як бор мегуфт. Имшаб ду бор гуфт.
– Барад, бурдан гирад. Ҳамин хел зани дайду хоҳ бошад, хоҳ не...
«Ҳооо... Асалро гург бурд-ооо...»
– Се бор шуд мардак. Ягон гап ҳаст!
Марди бепарво парво карда кӯча рафту овард:
«Гоҳи аз роҳи байни ҳамсоядеҳа гузаштан ҷавонон канори роҳ нишаста ба Асали харсавор нигоҳ карда, чизе гуфта механданд. Ҷияни девона ор карда ба онҳо дӯғу даранг мекунад.
Онҳо чизе нагуфта аз паяшон меафтанд ва қариби сойчаҳо омадан ду нафарашон девонаро меқапанд, чанд тани дигар Асалро сӯйи Сойчаҳо мебаранд... Бонгаш аз ҳамин».
8.04.07.

ОВОЗХОН ВА РАҚҚОСА
«Ба шумо, ки майл кардам, гумон доред, ки бо ҳама... а?»
«Гумон намекунам. Медонам».
«Хоки шумо мардҳоро аз як хоктӯда сириштагӣ. То коратон буд шудан... баъд нағма мебароред. То наздик шудан пеши поям афтида...»
«Он вақт дар дойирайи ҳар ҳофиз рақс мекардӣ...»
«Акнун ки ба зарби шумо одат кардам, нағма баровардед».
«Боз дар зарби Ғилдирак рақс кардӣ-ку?»
«Аз шумо пурсидам. Рухсат додед. Пеши назари ҳама дар саҳна буд. Ягон кори ноҷойи баҷойӣ накардаам-ку?»
«Кардӣ – накардӣ, дилам хунук шуд...»
«Ба Гавҳар ҳам гуфта будед: «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре».
«Айб аз худаш гузашт: пеши чашми ҳама кино режисурро рӯйирост ба хона овард».

пешина
аз 344
навбатӣ