МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Се тан ба ҳоли якдигар нигариста аз дил гумонҳо мегузаронидем. Фикри «девона шудан» девонатар гардонида буд.
Кӯза тар. Лойи гулӯйи тангаш низ тар. Оби шар-шар лойро равон мегардонад. Ба ҳар тақдир хешро мард гирифта, кӯзаро як бори дигар бо мисрон тела дода қади ҷӯйбор ғелондам. Гаронвазн тофт. «Тилло вазнин мешавад». Мисронро дудаста медорам, то бардошта ба сари кӯза занам. Онҳо ба ҳоли ман нигариста, ранг дар рӯяшон намондааст ва гирди лабонашон кабудча гашта.
Мисронро канор андохта нимҷону ларзон кӯзаро ғелонда аз ҷӯйбор баровардам ва то пали беда овардам.
«Биёед, секаса бардорем, ин кӯза чунон вазнин, ки...»
Аз дил мегузарад. Баъд беҳушона вазни онро муайян мекунам: «Хуб бошад, даҳ кило мебарояд». Аз беҷонӣ, аз ҳаяҷони зиёд таслим мешавам ба васвосиҳо.
«Ангуштро бояд хун кард, дадеш!» Сӯзанаки дар буғаки гиребони курта задаашро кушода пеш меёзад очеш. Ва ман беихтиёр сӯйи сӯзанпизишки дармонгоҳи ҳукуматӣ баройи хунгирӣ ангушт меёзидагӣ барин дасти ларзонамро пеш меёзам. Ӯ ба ангушти сағир сӯзанак мезанад, вале дардро эҳсос намекунам. Хун ҳам намебарояд. «Хунатон гурехтааст, дадеш». Ҳолиё чунин ҳарфҳо аҳамият надорад. Руҳ низ гурехтааст. Танҳо васвосийи дунёйӣ пойдор аст.
Аз лаби кӯзайи якпаҳлӯ хобида зардоб метаровад. Ва ман онро бардошта воруна медорам, то ҳар чӣ бошад, резад. Лой мерезад андаке ва қарор мегирад. Меафшонам кӯзаро. Дигар мадор надорам. Сари пой нишаста ду сойид бар зону мегузорам; базӯр вазни кӯза медорам... арақшор як чашм ба онҳо, ки чӣ рангу раҳмон доранд. Онҳо ба кӯза на, ба ман менигаранд, ки ана-ана девона мешавад. Чашми дигарам ба даҳони кӯзаву замин, ки чӣ мерезад? Лой, хокистар ва лахчайи сиёҳ...
«Хайрият!»
«Хайрият!!»
«Хайрият!!!»
Вагарна ҳар се девона мешудем!
06.04.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё