Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ГОВАМОН ЗОЙИД
Дар моҳи рамазон нархи шир боло рафт. Ҳамин хел расм шудааст, дар моҳи Рамазону иди Қурбон нарх ба ҷойи паст рафтан боло меравад ва баландравийи пули ивази долларро сабаб нишон медиҳанд. Роҳи зиндагиро доллари аз дуриҳойи дур омада нишон медиҳад; ҳатто оби худодод ҳам қимат мегардад. Дар борайи шири гови ҳамсоя ҳоҷати сухан нест.
«Шир нест! Гов хушк кард».
Аммо хидматпешайи Ҷамила дар бӯтал ба хонайи корманди бонк шир мебурд.
Дар ин миён ҳамсояйи дигар дами роҳ дӯкон сохт. Аз дӯкони Ҷамила фарохтар, равшантар ва озода. Ҳама навою навола ва ширу ҷурғоти дастгоҳӣ меовард. Арзонтар низ буд.
Ҳамсоязан, ки пештар аз Ҷамила шир мегирифт, сӯйи дӯкони нав омад. Ҷамила, ки дар нимароҳи миёни ду дӯкон меистод, дандонҳойи мисинашро намойиш дода пурсид:
– Ҳамсоя, шитоб доред?
– Дӯкони нав шир доштааст...
– Э, бед, худам шир медиҳам!
– Гови шумо хушк кардагӣ-ку?
– Э не, ҳамсояҷон, говамон нав зойид!
1.04.07.

Ё-Ё
Рӯзи сафар моро дар автобуси «Амонатбонк» шинонданд.
Нафаре гуфт:
– Наврӯз аст. Амонатбонк идипулӣ медиҳад.
Нафари дигар таҳрир кард:
– Ё медиҳад, ё мегирад...
3.04.07.

ОДАМШИНОСӢ
– Ӯзбакро нигар, ки тоҷикӣ мехонад.
– Вай ӯзбак нест. Тоҷик.
– Аз куҷо донистӣ, ки ӯ тоҷик?
– Ӯзбак ин хел харобу лоғар намешавад.
3.04.07.

пешина
аз 344
навбатӣ