Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ман ин баднафса аз болойи мошин ба зер намеандозам.
Балки шикамашро чок карда, конфетро мегирам.
Аз сарийи мӯзааш кордчаеро баровард.
Бедандон ба умеди он ки шояд конфет аз гулӯ нагузашта бошад, даст дар гулӯ дошт, то баргардонад конфетро, якбора дастон раҳо карда пеш бурд, то зарби теғи шарикхидматро боздорад. Ногоҳ теғ аз дасти ҳамхидмат афтид ва ӯро чӣ андеша ба сар омад, ки ба гиря оғозид:
– Ман медонам, ҳамаамон гушна, аз роҳи дур меоем, хунук гузарондааст. Лекин як дам тоқат мекардӣ, намемурдӣ! Ин ҷо рафоқат ҳаст, дӯстӣ ҳаст! Хидмат ҳаст. Лекин ту чӣ кор кардӣ?
– Ҳамин хел шуд, старшина. Намедонам, ки айби бедандонӣ, гуруснагӣ ё ягон чизи дигар. Худам надониста мондам. Ту кордчаатро напарто. Аз баройи Худо, чок бикун шиками носери маро ва конфетро барор. Вагарна инҳо чиро мелесанд? Чиро бӯй мекашанд? Ман аз ту хоҳиш мекунам!
– Аблаҳ! – оринҷ зад ҳампаҳлӯяш. – Ба ҷойи узр пурсидан ба оташи ғазаби ӯ равған мерезӣ! Узр пурс!
– Чӣ хел урз? Ман онро қасдан накардаам. Худаш рафт.
Моҳӣ барин. Ту ягон бор аз об моҳӣ гирифта, суст нигоҳ дошта бошӣ, мефаҳмӣ, ки он моҳӣ боз ба об меравад. Ин ҳам ҳамин хел шуд. Ба номи Худо, айнан ҳамин хел. Доштанӣ шуда, худкушӣ кардан хостам, лекин дер шуда буд. Ҳамаатон дидед…
– Ӯй! Ӯй! Худата надаррон! Маълум, ки ту худатро дар ягон ҷо, ягон маврид даст гирифта наметавонӣ. Чунки ҳикояҳойи Ҷек Лондонро нахондайӣ. Ман рост мегӯм, нахондайӣ. Мехондӣ, медонистӣ, ки нафсро чигуна бояд кушт, то туро накушанд. Дӯстро, душманро, рафиқро, ҳамсафарро чигуна бояд қадр кард.
– Эй бародар, «Дар талоши ҳаёт»-ро мегӯйӣ? «Матонат»- ро мегӯйӣ? Хондаам… Лекин нашуд. Дошта нашуд. – гуфт ва оҳиста кордчаро бо нӯки мӯза зери пой кашид.
«Ягон бушлати қарқгирифта ҳаст?»
Ҳама ҳайрон монданд аз пурси старшина. Лекин бедандон маънийи ин саволро дарёфта, посухе нагуфт, балки бушлатро аз тан кашида ба вай дароз кард.

пешина
аз 344
навбатӣ