Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва Алихон ваъда медод, ки китоби шеърҳояшро нашр мекунад.
Дар чунин ҳолатҳо дили Абдулло мегирист ва баройи он ки ашкаш нарезад ба нӯги кавши рангпаридайи аз андозайи пояш зиёд менигарист; баъд зӯран хандаашро оварда дандон менамуд. Алихон кафи даст ба китфи ӯ гузошта «одам китфашро боло мегирад, сарашро ҳам...» мегуфт. Абдулло «Пати ятимхона задагӣ» гуфтанӣ мешуд, аммо наметавонист.
Бо мадади Мирзоҷону Боқиҷон ба Абдулло хонайи якҳуҷрагийи тахтасохт доданд. Акнун арӯс меҷустанд. Як ҷавонзани мисли худаш парешонавзоъро пайдо карда, хонадораш карданд. Аммо хонадориашон дер накашид. Табъи ҳарду нозук баромад; аз якдигар рӯ гардониданд. Аммо як русзанаки тоҷикидон ҳар гоҳ либосҳойи Абдуллоро бурда шуста, вале дарзмол накарда оварда медод. Зеро Абдулло мегуфт, ки либоси дарзмол карда ба танам хориш меорад. Бо вуҷуди ин ҳама Абдуллоро аз меҳри руди Панҷ муҳаббате ва аз «Руднома» олитар асаре дар дунё набуд.
Абдулло боре май хӯрда ҳушёртар шуд ва дарёфт, ки чунин зиндагӣ зиндагӣ нест. Аз Олам, аз Одам, аз худ дилмонда шуд. Аз кирдору рафтораш шарм кард; дар чунин ҳолат умр ба сар бурданро бори гарони зиндагӣ ва беномусӣ донист.
Чунин андеша дар сар боз ба ҳолате гашт, ки дар кӯчаву бозорҳо мегашт. Акнун бозориҳо ва роҳгузарҳойи дойимийи хиёбони марказӣ ӯро аз дур бинанд, мешинохтанд: «Абдулло меояд...» ва ба дигар роҳ каҷ мешуданд.
Ӯқасди куш кард. Кушт худашро: дар трубайи гази ошхонайи шарикӣ ҳалқа овехта кашол кард хешро... Вале ин дар хоб буд. Бори дигар дар амборхонайи гӯшайи ҳавлийи хобгоҳ аз сар карасин рехта, гӯгирд зад, гӯгирд дар нагирифт; зеро гоҳи аз сар карасин рехтан гӯгирд тар шуда буд...
«Алихон, ман шастсола мешавам...»
«Шастсола? Кӯдак метобию?»
«Рост. Шастсола мешавам.»
«Фардо соъати панҷ ба дафтари кориам меойӣ...»
Абдулло вақти муайяншуда ба дафтари корийи Алихон омад. Алихон ҳамроҳи як марди барояш ношинос менишаст.

пешина
аз 344
навбатӣ