Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лек ӯ вонамуд мекунад, ки чигас ёрманду мададгор бошад. Ва чӯбҳо на баробари пой, балки пештар мераванд, «як-ду» гуфта, ба ҳавойи даст. Одат кардааст ба чунин гашту рафтор: сусту оҳиста мегардад. Ба паҳлӯҳо, ба роҳ, пеши пой, ба дару дарвозаҳо, ба бинову тирезаҳо, ба мардумони роҳгузар, ба мошинҳойи истодаву равон нигоҳ карда қадам мезанад; истодаву равон менигарад ба ҳама чизу ҳама кас; нигоҳи тамаъомез дорад. Ниммӯза дорад; тобистонҳо кавш мепӯшад. Ҷомайи сиёҳи ласк ё тавор дар бар, аз болойи он фӯтайи сурхи нусхадор мебандад, ки мардумро расм нест; рӯзи азо чунин миён банданд. Лек қабилаҳое ба ном тоҷик низ ҳастанд, ки одоби шаҳрнишинӣ надониста, чунин рафторҳо кунанд. Фӯта дарида ва риштаву гӯшаҳояш кашол.
Андаруни фӯтайи миёнбаста чизе ҳаст, ки ҷуфтгарони деҳот рӯзҳойи ҷуфт нонро чунон баста саҳро раванд. Телпакаш низ телпаки онҳоро монад: телпаки сиёҳи кӯҳна, шояд аз пӯсти заргӯш бошад, ҷо-ҷо рехтамӯй. Гӯшабандаш канда шуда як риштайи сафеди чиркин дорад, ки рӯзҳойи сармо зери гулӯ бандад; гарданбанд низ мегирад. Рӯзҳойи гарм телпакро як арақчини ҳоҷигӣ иваз мекунад. Ва ҷомаро яктаҳи рах-рах.
Ниммӯзаро калӯш. Аммо фӯтаву асобағал ҳамон. Риш нотарошида. Қадам мезанад дар кӯчаву бозорҳо. Тамоми роҳ суруд мехонад. Ниёйиш кунад ё талаб, рӯшан нест. Ба ҳар ҳол сурудаҳойи зерилабиаш оҳанги дилобӣ ва ноумедӣ дорад.
Баъзан сохта ё ҳақиқӣ аз дидагонаш ба рухсораш ашк мешорад. Аммо касе онро намепурсад ё нодида гирифта мегузарад.
Касоне низ ҳастанд, ки ба кафи дасти аз асобағал раҳо кардааш танга ё дирами коғазӣ мегузоранд. Ашкаш зиёда мегардад...
Ҳамин ки ба хона омад, писараш ба ҷанг мехезад:
– Ту чӣ хел падарӣ, ки моро миёни мардум шарманда месозӣ?
– Чӣ хел? Ман кор мекунам!
– Гадойӣ ҳам кор шуд?
– Ин гадойӣ не! Қатори ҳама... Имрӯзҳо қариб ҳама гадойӣ мекунанд. Фақат роҳу тариқаш фарқ мекунад. Ту, ки аз ман пул мепурсӣ, гадойист?
– Не! Ту гадойӣ мекунӣ! Даст меёзӣ!

пешина
аз 344
навбатӣ