МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ронанда хеле сукут варзид. Оқибат фуромад. Ҳарчанд зӯр зада мошинро сӯйи ҷарӣ тела медод, зӯраш намерасид...
28.08.07.
ХОЛДОР
Чанде сапедадамон аз ин ҳавлӣ мӯяву гӯя ва нолаву фиғони модаре меояд, ки фарзанд ба хок супорида, ҳар субҳ пеш аз сари гӯр рафтан пайвандон садо бароранд. Одатан ин маросимро мардон ба ҷо меоранду сӯйи гӯристон мераванд, аз паси онҳо модар овоз меандозад; алам тоза мекунад:
«Алам! Алам! Алам!»
Ин садойи Холдор аст, ки якбора се кӯдакашро ба қатл расонидаанд. Нола дораду фиғон; хонаро ва агар тавонад, оламро ба сар мебардорад, лек додрасе нест. Ҳар кас баройи мурдайи худ гиряд. Ҳамон гирянда ҳам баройи мурда намегиряд, ба ҳоли худ ва озору азобҳойи мурда мегиряд. Холдор ҳам алам тоза мекунад, ки нав поравон шуда буданд кӯдаконаш; аз дар бурун омаданду мубтало ба бало гаштанд. Он қадар нолаву фиғон кардааст, ки овозаш ҳазорреша мебарояд. Айнан беморийи ҳазорреша барин, ки гоҳи сурфидан ҳазор решайи таранг озорманд мекашад. Ва кас пиндорад, ки решаҳо баргусаста шаванд, бемори лаби гӯррафта шифо ёбад. Вале Холдор «Вой, вой, вой!!!» мекунад, доду фарёд мезанад ва пардаҳойи нойи гулӯ мечаспанд ба якдигар. «Аз куҷо ёбам?
Куҷо рафтед, бачаҷонакҳоям?!»
Аз роғи дар ба сари девор ё гӯшайи бом менигарад, ки он падари бачахор боз омадааст. Вақте буд, ки ҳамон ҷо пайдо шуда, Холдорро ба ишқбозӣ даъват мекард. Ҳолиё мепояд, ки кай бачаҳояш аз дар бурун оянд, то ӯ дандон зада бардошта гурезад. Шербаччайи носери баччахор! Холдор мепояд. Чун шӯйи дилозорро бинад бо замин яксон мешавад, то набинадаш... Ба шер монанд ё ба палангбачча; зард, рахҳойи сиёҳи нимранг дорад дар тан. Аз пеш бинӣ, баччайи шер ё баччайи паланг мегӯйӣ. Гӯшаш нисбат ба гӯши гурба кӯтоҳтари гирда.
Як растанийи ба хурёк монандро аз кӯтоҳиаш «гӯши гургак»
ном мебаранд; хеле шинам бо гӯши ин дузд. Лекин дум надорад. Аз бехи бех. Қудратулло барин худо бо нуқс офаридааст ва ё аз бетамизиаш касе думашро бурида партофтааст, ки зоро одам шавад; ҳайвон мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё