МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Шӯйи ту пул меорад?
– Чӣ хел намеорад. Меорад. Замони дар автобаза кор карданаш, хуб меовард. Баъд, ки автобазаро баройи Дӯст шуда алов заданд... ҳолу рӯзамон ба кӯчарӯбӣ монд.
– Баройи пулу мол неву аз хонашинӣ зардов мегират дилат. Дар сари роҳ ақаллан мошинҳойи ранг ба ранги хориҷиро мебинӣ-ку. Тез тараққӣ кард-а, шаҳр?
– Ниҳоят тез. Хаёл мекунӣ, ки мошинҳойи хориҷӣ аз осмон рехтанд. Пеш магазинчийи пулдор ҳам мошин харида наметавонист. Лотореяйи дар бозӣ бурдайи кадомеро рустиву пинҳонӣ харида мегирифт.
– Рост мегӯйӣ, дар чунин давлат ҳар қадар хизмат бикунӣ, кам.
– Садқаш бишам. Як вақтҳо мегуфтӣ, ки аспи душох барин мегаштем, помон кушода шуд. Ҳозир чӣ хел?
– Медонистагийи худат.
– Балоча. Язнам омад-а?
– Омаду рафт. Дар ҳамун Петербург кадомеро ёфтагӣ барин. Саросема омаду рафт. Ақаллан напурсид, ки чаро Санамро дар ансамбли «Пулрез» мондӣ.
– Аз номаш фаҳмидагист-дия...
– Неъ, намедонад. Духтара шӯ медиҳам, гуфтам, дам назад.
Нашавад, пеши худам кор мемонам.
– Накун ин кора. Дилу ҷигараш тамом мешавад. Худамона бин, беғарзи сулфаву балғам чизи дигар надорем.
– Дар зимистони хунук бо як ҷӯробу калӯши резинӣ, мошинҳойи қиматбаҳо налағҷад, гуфта, барфу яхи арасот тоза кунӣ, ҳамин хел мешавӣ-дия! Мон дилхушӣ кунад. Аз ҳамин кӯчарӯбийи мо ҳазор бор беҳ. Ақаллан либосаш бечанг мегардад-ку!
– Рост мегӯйӣ... лекин... лекин... лекин... ваз... нин...
– Чаро зулукат гирифт?
– Ҳамун... Дар мошини ҷипи сафед шиштагӣ Санам нест...
– Ба назарам ҳамун...
– Илоҳӣ, хушбахт гардад...
05.08.07. Душанбе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё