Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин бор Филмурғ аз тоҷи хурӯс гирифт ва бардошта муаллақ дар ҳаво дошт.
Хурӯс панҷаву бол мезад. Сари тоҷаш дар нӯли Филмурғ монду худаш ба замин зад. Аммо намегурехт. Бори дигар Филмурғ аз паси гарданаш гирифта пахш ба замин кард ва буни девор бурда дер нигаҳ дошт. Хурӯси ҳамсоя тан намедод: «Мемураму аз нозанинон дур намешавам».
Сарвари тамошогар, ки аз нангу номуси кӯҳистонӣ худаш чунин корро бо он ошиқи берӯву риё карданӣ буд, хурӯсро мурда пиндошта омада аз пояш дошт ва аз даҳони Филмурғ раҳо карда ба болу ёли ӯ нигарист; ёли гардани ӯ ранги байрақи Шӯравиро дошт. Пушти девор афканд.
Панд нашуд хурӯсро. Рӯзи дигар ҳам омад ва сари девор баромада бонг зад. Мокиёне нарафт он ҷониб. Хурӯс даруни мурғонча даромада мокиёни рӯйи моягӣ хобидаро безобита гардонд. Сарвар камон медошт, мепаррондаш. Худдорӣ кард.
Хурӯс дари мурғонча истода қуд-қуд кард. Пирчамокие, ки ба хурӯсчӯҷа сар намефаровард, равона шуд он ҷониб. Сонӣ Сарвар онро ҳам сар бурид. Ва кордро ба роғи дари мурғонча халонда монд... Баъд як-як мокиёнҳойи сабукпоро сар гирифт. Охирон Хурӯсчӯҷаро, ки селаро ҳимоя карда натавонист...
Зери филмурғмокиёни курк бисту ҳафт тухми мурғ гузошт, ки шояд бонангу баномусҳо рӯянд.
5.03.07
НАСИҲАТ
– Охирин бор туро насиҳат мекунам. Баъд, ё аз хона баромада меравам, ки дигар маро набинӣ ё худамро мекушам.
Бодиққат гӯш деҳ! Касеро салом намегӯйӣ; саломи касеро алейк намегирӣ. Хуки гуроз барин ба одамон нигоҳ накарда, гардан натофта, рост гузаро шуда меравӣ. Ба касе дастӣ ёрӣ дароз намекунӣ; дасти фитодаро намегирӣ. Ҳоҷати касеро намебарорӣ. Ба доди касе намерасӣ. Медуздӣ! Мезанӣ!
Мекӯбӣ! Мекушӣ!... Дар ягон корхона ё муассиса кор намекунӣ. Гапи касеро намехӯрӣ. Як гӯяд, сад мегӯйӣ. Моли мардум, пули кас, хонайи бегонаро дӯсттар медорӣ аз он ки худат дорӣ... ва боз худат медонӣ, ки дар ин дунё боз чӣ бадӣ, нокасӣ, номардӣ, ноҷавонмардӣ, хуносойӣ кардан мумкин аст.

пешина
аз 344
навбатӣ