МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тарбуз аз бағалаш парида ба замин хӯрд; ғелон нашуд. Ним паллайи холӣ буд. Дузд калавида даруни хори марминҷон зад ва «э-ээ!» гӯён хестанӣ шуд, ки саг ҳуҷум овард.
– Сагата гир!
– Намегирам! Ту дузди дипломдор будайӣ. Коргарони орган медонанд!
– Донӣ, чӣ дӯғ мезанӣ? Ҳамон дипломро ба инобат гирифта кор кун!
– Дипломи ту ба ман чӣ лозим?
– Вақте ки лозим шуд баъд ба ин саволат ҷавоб медиҳам...
Лекин як жигулийи дар танаш «МИЛИТСИЯ» навишта омад. Дузд дар ин вақт чӣ хел даруни хори анбӯҳи марминҷон ғайб зад, ҷуз саг касе надид.
28.06.07. Душанбе
САНГРО ШИКАНАД САНГ
Сардори шӯъбайи корҳойи дохилийи ноҳия нав шуд. Нахуст касе ба зеҳнаш нашишт, ки ӯро пештар ҳам медонист.
Ҳамдиёраш Эҳсон. Дар борааш афсонаҳойи замонавӣ шунида буд, ки дар ягон китоб нахондааст. Чунон гурги борондида, ки барра аз даст барад, касе чизе гуфта натавонад, илоҷи воқеъа наёбад. Ӯро «чинори каҷ» лақаб дода буданд, ки бедонабозҳойи кӯкнорӣ беҳтарин ҷой дониста аз саҳар то бегоҳ дар сояаш менишастанд. Баройи он чунин лақаб дода буданд, ки Эҳсон сахт реша давонда, хонаву дар карда буд зану фарзанди дар Кофарниҳон доштаашро наоварда. Ин мавзеъ чунон хушаш омада буд, ки мардумаш Эҳсон баринҳоро зуд падар, бародар ё писар хонда шабу рӯз дар хизматаш мешуданд. Эҳсон сардори шӯъбайи контрразведка. Лекин корҳое мекунад, ки на додситон мекунаду на қозӣ. Зарбашро гузаронидааст. Номашро шунаванд, меларзанд.
Сардори нав омада бисёр фикр кард ва тадбир ҷуст, ки бо ин гурги борондида чӣ кор кунад? Надонист. Худи Эҳсон надониста сардори навро ба даст гирифтанӣ шуда наздаш омад бо ҳазор найранг, ки наздиктарин одами ӯ мешавад. Бисёр касонро шиносонд ғойибона ва бисёр касонро фурӯхт барқасдона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё