Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамин хел: «То сардор имзо гузошта,
моҳонаашро нагирад, зердаст ҳақи гирифтан надорад... Лаббай?!»
– Пешпардохт намоед! Пешпардохт намоед! Пешпар...
16.06.07. Амондара.

ХАРИТАЙИ ОЛАМ
Харитайи Олам пештар аз ин рухдод гум шуда буд. Муаллим-Шоҳинро истинтоқ карданд ҳамчун ҷинояткори сиёсӣ.
Зеро дар он солҳойи пуразоби Ҷанги Бузург дар ҳар мактаб аз чунин харита як нусха буд ё на. Дар мактаби када як нусха буд. Онро ҳам дуздиданд. Он рӯз муаллим-Шоҳин дар борайи Ҷанги Гермону Рус ҳикоят карду шабона дуздиданд.
Рауф субҳи саввум миёни гӯристонро убур карда хабар аз гӯри падар мегирифт, то гӯркобе ё рӯбоҳе қабраш сӯрох накарда бошад. Зеро ривояте ҳаст, ки дар замонҳойи дур мурдаеро гӯронидаанд ва роҳгузаре шунидааст, ки аз гӯр садо ояд. Хабар расондааст. Гӯрро кушодаанд. Мурда зинда шудааст. Аз ҳамон вақт то ҳол се субҳ сари гӯри нав мераванд, ки зоро зинда шавад мурда. Рауф дар зери пардайи хирайи субҳи козиб сиёҳиеро дид, ки миёни гӯристонро мегузашт. Онҳо рӯ ба рӯ назик шуданд. Сиёҳӣ паси гӯре хам хӯрд. Дили Рауф рамид. Низ нишаст паси гӯре ва дид кард сӯробро. Субҳ дамид. Магар сиёҳӣ аз омади рӯз ҳаросид, ки пеш омад. Онҳо миёни гӯристон во хӯрданд. Сиёҳӣ гӯркобро мемонд; сару либосаш хоколуд ва харитайи азиме дар даст дорад. Рауф чунин ҳол дида сарфаҳм ба ҳама чиз рафт ва донист, ки муаллими ҷуғрофия харитайи гумкардаашро ёфтааст. «Чаро?»
гуфт Рауф ва аз ҳуш рафт. Муаллими ҷуғрофия, ки ҳама чизро медонист, ба чуну чаройи ӯ посух надода, аз паҳлӯйи гӯри фурӯрафта мебардошташ, то Харитайи Олам кафанийи писар низ нагардад.
«Чӣ мегӯйӣ?» ба ҳавойи даҳон пурсид Рауф.
«Мегӯям, ки бекафан аз кафану гӯру қиёмат андеша мекунад. Ҷуғрофидон аз рӯйи «Харитайи Олам».

пешина
аз 344
навбатӣ