ЗАН ВА ДЕВ

САНГПУШТ
Рӯзи истироҳат буд. Офтоб маҳин-маҳин нури зарини худро ба рӯи Умеда мепошид. Умеда аз хоб хеста, тозон ба пешайвон баромад ва дид, ки падараш дар рӯи ҳавлӣ гул мешинонад. Вай саросема берун баромаду аз паси буттаҳо падарро тарсониданӣ шуда чун гурбача садо баровард. Ин одати ҳаррӯзаи ӯ буд.
Ҳар саҳар овози ҳар хел паранда. ҳайвончаро тақлид карда, бо ин аз хоб бедор шуданашро дарак медод.
Пас аз салом падар замини таги гулҳоро побел мекарду Умеда бо ҷорӯбчааш рӯи ҳавлиро мерӯфт. Ногоҳ ӯ дар кунҷи ҳавлӣ ба зону нишаста «АССАЛОМ» – гуфт.
Падар қоматашро рост карда, ба атроф чашм дӯхта, ҳеҷ касро надида, бо тааҷҷуб пурсид:
– Умеда, ба кӣ салом гуфтӣ?
– Ба дугонаам.
– Дугонаат кӣ?
Умеда боз хамтар шуда ба сангпуште, ки аз байни буттаҳо пайдо шуда буд, бо меҳрубонӣ нигариста гуфт:
– Ҳозир мефаҳмам, дадаҷон... Ҳой, ту чӣ ном дорӣ? Биё, шинос мешавем, номи ман Умеда.
Сангпушт гӯё чизеро фаҳмида бошад, гарданашро аз даруни косахонааш чун мор дароз карда, бо чашмони худаш ба Умеда нигоҳ кард.
– Дадаҷон, ӯ Қуроқой ном доштааст! – гуфт Умеда қоматашро рост карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё