Зеҳн
ЗАН ВА ДЕВ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 16 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

САБЗАКУ НАҒЗАК

Буд, набуд, будгор буд,
Заминаки шудгор буд.
Як ҳавзи хурдтарак буд,
Пешаш сафедорак буд.
Чил дарахти мевадор,
Сафи ба саф буд қатор.
Болои ҳавзи кабуд
Шохо кокули қатор.
Сокини ҳамин ҳавзак
Буд қурбоққа – арӯсак.
Қобил буд ин арӯсак,
Номаш арӯси Нағзак.
Шавҳаршавандаи ӯ
Як қурбоқаи дилҷӯ,
Мувофиқи андомаш,
Сабзак будааст номаш.
Ӯ аз саҳар то ба шом,
Бо тамоми дилу ҷон,
Сар дода овози худ
Дам бахуду дам бехуд,
Дар васфи Нағзаки худ
Беист мехондай суруд.
Хомушакдориаш нест,
Пашшашикориаш нест.
Моҳтоб аз паси Офтоб,
Офтоб аз паси Моҳтоб,
Дав-давак бозӣ карданд,
Баҳора розӣ карданд,
То дар рӯяки замин
Сабзақолин партоянд.
Ба замину дарахтон
Сабад-сабад гул пошанд.
То ки Нағзаку Сабзак
Тӯи арӯсӣ кунанд,
Бо ҳам гашта меҳрубон,
Ба ҳам дилсӯзӣ кунанд.
Баҳор ҳам розигӣ дод.
Нафаси гарми худро
Рӯи замин фиристод.
Дар як лаҳза, дар як дам
Чил кӯрпагулаки сабз
Гирди ҳавзак парӯ шуд.
Чил дарахти мевадор
Гул кардаю хушрӯ шуд,
Чил рада марворидро
Дар гарданаш овехта,
Чун арӯси гулрӯ шуд.
Шабпарак ҳам рақсон шуд,
Чир-чирак ғазалхон шуд.
Як қурбоққа ёвар шуд,
Бар ҳама тӯйхабар шуд.
Як қурбоққаи маланг,
Як қурбоққаи дабанг,
Худписанду балвогар,
Як бои бо кару фар,

пешина
аз 16
навбатӣ