МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин ҷараён солҳои 70-80 асри ХІХ ба амал меояд. Яке аз забоншиносони Германия намояндагони мактаби навро ба тариқи ҳазлу шӯхӣ «ҷавонграмматикҳо» меномад. Ин номи ба таври ҳазл гуфташударо Бругман (яке аз намояндагони барҷастаи мактаби нав) қабул мекунад ва он номи як ҷараёни калони забоншиносӣ мегардад.
Дар ин вақт аллакай методи муқоисавӣ-таърихӣ ба тамоми ҷаҳон паҳн гардида буд. Агар дар солҳои аввали пайдоиши компаративистика немисҳо, даниягиҳо ва славяниҳо фаъолият нишон медода бошанд, ҳоло дар бисёр давлатҳои дигари Европа ва Америка марказҳои лингвистӣ ва мактабҳо ба амал омада буданд. Масалан, соли 1866 дар Фаронса «Ҷамъияти лингвистҳои Париж» ба амал меояд.
Дар Америка бошад, ҳиндушиноси номӣ В.Д.Уитни кор мекард, ки ба қавли Соссюр, ба муқобили биологизми Шлейхер ва «психологияи халқҳо»-и Штейнтал баромада, ба саршавии фаъолияти ҷавонграмматикҳо асос мегузорад.
Дар ин давра дар Россия Потебня, Бодуэн ва Фортунатов Ф.Ф., дар Италия Асколи Г.И., дар Швейтсария Соссюр, дар Австрия Гуго Шухардт, дар Дания Карл Вернер ва В.Томсен барин забоншиносон кор мекарданд.
Намояндаи мактаби забоншиносии Лейбсиг, тадқиқотчии забонҳои славянӣ ва балтикӣ Август Лескин (1840-1916) дар асари худ «Тасриф дар забонҳои славянӣлитовӣ ва германӣ» (1876) мақсад ва ақидаи ҷавонграмматикҳоро ифода намудааст. Шогирдони ӯ Карл Бругман (1849-1919), Герман Остгоф (1847-1908), Герман Паул (18461921) ва Бертолд Делбрюк (1842-1922) ақидаҳои устоди худро дастгирӣ менамоянд ва инкишоф медиҳанд. Инҳо асосгузорони ин ҷараён мебошанд.
Назарияи ҷавонграмматикҳо дар муқаддимаи ҷилди якуми асари якҷояи Бругман ва Остгоф «Тадқиқоти морфологӣ» (1878) ва асари Герман Паул «Принсипҳои таърихи забон» (1880) пурра баён гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё