Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таъсири корҳои Г.Штейнтал на фақат дар фаъолияти илмии Потебняю Паул, балки дар корҳои Бодуэн де Курненэ, Соссюр, Сепир ва Л.Шерба низ мушоҳида мегардад, вале ба тарзи гуногун.
Потебня ва Паул дар маънидоди семантикаи ҷумла, категорияи грамматикӣ ва намудҳои маънои лексикӣ аз асоси психологӣ истифода бурдаанд. Бодуэн ва Соссюр бошанд, характери иҷтимоии фаъолияти нутқро қайд мекунанд.
Намояндаи дигари ҷараёни психологизм Вилгелм Вундт (18321920) буд. Вундт характери ҷамъиятии забонро қайд мекунад, вале онро ба психологияи одамон вобаста менамояд. Вундт дар асарҳои асосии худ «Психологияи халқҳо – забон» (1900), «Таърихи забон ва психологияи забон»), «Унсурҳои психологияи халқҳо» (1912) назарияашро баён намудааст. Ӯ ҳамаи масъалаҳои тадқиқ намудаи ҷавонграмматикҳо – тағйиротҳои фонетикӣ ва семантикӣ, шаклҳои калима, пайдоиши забон, фарқиятҳо дар забон ва ғайраро аз ҷиҳати психологӣ маънидод намудааст. Вай ба муқобили индивидуализми ҷавонграмматикҳо ва махсусан Паул баромад карда, таъкид мекунад, ки онҳо ҳаминро ба назар намегиранд, ки забон, мифҳо, урфу одатҳоро ҷамъият ба вуҷуд меорад ва дар ҳама гуна муносибатҳо ҷамъият фардро муайян мекунад, индивидум аз ягон ҷиҳат ба воситае ҳам ҷамъиятро муайян карда наметавонад. Бо вуҷуди ин психологияи коллективи Вундт аз психологияи фард фарқ надорад, зеро дар ҳар ду ҳолат ҳам забон танҳо воситаи ифодаи фикр маънидод карда мешавад, воситаи муносибати байни одамон будани он ба эътибор гирифта намешавад.
Яке аз намояндагони ҷараёни психологизм дар Русия забоншиноси номии украин ва рус Александр Афанасевич Потебня (1835-1891) буд. Ӯ дар инкишоф ва тараққии забоншиносии ватанӣ роли калон бозидааст. Корҳои асосии ӯ «Фикр ва забон» (1862), «Қайдҳо доир ба грамматикаи русӣ» (1874-1888) мебошанд.

пешина
аз 210
навбатӣ