Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо таъсири инкишофи забоншиносӣ, мантиқи рамзӣ ва математика шавқу завқ ба омӯзиши проблемаҳои семасиология, ба масъалаҳои маънои калима ва сохт, ба забони илм зиёд мешавад. Дар ин давра ба ҳам наздикшавии консепсияҳои мантиқӣ бо назарияи психикии калима, ҷумла ва бо фаъолияти нутқ ба амал меояд.
Ҷараёни психологӣ. Ин ҷараёни зидди ҷараёни натуралистиву мантиқӣ пайдо шуд. Сарчашмаи он ба консепсияи Ҳумболдт алоқаманд аст, зеро вай характери фаъолона ва семантикии фаъолияти нутқро қайд карда буд.
Муносибати наздики фаъолияти фикрӣ бо психологияи нутқ барои тамоми ин ҷараён хос аст.
Асосгузори ҷараёни психологӣ Герман Штейнтал (1823-1899) мебошад. Ӯ дар корҳои худ «Таснифоти забонҳо ҳамчун инкишофи идеяи забонӣ» (1850), «Пайдоиши забон» (1851), «Грамматика, мантиқ, психология муносибат ва принсипҳои онҳо» (1855), «Характеристикаи намудҳои муҳимтарини сохти забон»
(1860) ва «Муқаддимаи психология ва забоншиносӣ»
(1881) биологизми Шлейхер ва грамматикаи мантиқии Беккерро рад намуда, таълимотро доир ба забон чун фаъолияти фард ва инъикоси психологияи халқӣ ба вуҷуд овард. Ба фикри Штейнтал, «забон ин худшиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва мантиқи рӯҳи халқ аст».
Штейнтал бештар ба пайдоиш ва инкишофи забону тафаккури фард, ба нутқи он (шахси ҷудогона) диққат медиҳад, аз ин рӯ, моҳияти ҷамъиятии забон ба инобат гирифта намешавад. Забоншиносӣ бояд на танҳо ба омӯзиши забони фард, ба психологии он, балки ба воситаи омӯхтани забони халқ ба психологияи вай такя намояд.
Штейнтал роли забонро дар ҷамъият инкор намекунад.
Ба фикри ӯ, азбаски одам гап мезанад, ӯ аъзои ягон коллектив аст, пас одамон ба халқҳову қабилаҳо ҷудо мешаванд. Гӯё дар аввал одамон якҷоя фикр мекардаанд, яъне ҳар кас фикри худро бо фикри ҳамқабилаи худ алоқаманд мекард, фикри пайдошуда ҳам ба якум ва ҳам ба дуюм тааллуқ дошт.

пешина
аз 210
навбатӣ