МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Забон ва тафаккур
Муносибати забону тафаккур на танҳо масъалаи муҳимми забоншиносӣ, балки психология, мантиқ ва философия ҳам мебошад. Ба ин масъала ҳатто олимони намоёни математика, физика ва тиб низ диққат додаанд.
Алоқаи байни забон, фикр ва ҳақиқати объективиро аз қадим меомӯзанд. Ақидаи як шуморидани забону тафаккур ва бо ҳам алоқа надоштани онҳо низ ҷой дорад. Вале аксар алоқаи онҳоро эътироф мекунанд. Ҳумболдт забону тафакурро як мешуморад. Ӯ гуфта буд «Забони халқ рӯҳи халқ аст, рӯҳи халқ забони ӯст, бинобар он ягон чизи чунин айният доштаи дигарро тасаввур кардан душвор аст». Ин ақидаро забоншиноси англис Макс Мюллер низ дастгирӣ намуда, забону тафакурро “…фақат ду ном барои ифодаи як чиз» номида буд. Забоншиноси Америка Блумфилд низ ин фикрро тарафдорӣ намуда чунин гуфта буд: «Тафаккур айни ҳамон чизест мисли гуфтугӯй бо худ».
Дар илмҳои фалсафа, мантиқ, психология ва забоншиносӣ истилоҳи «шуур» ва «тафаккур» дучор мешавад ва аксар муносибати забонро бо инҳо нишон медиҳанд.
Тамоми ҷараёни инъикоси ҳастӣ ба воситаи системаи асаб ва майнаи сари одам шуур номида мешавад. Ҷараёни инъикоси ҳастӣ дар шакли мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ тафаккур номида мешавад. Пас, тафаккур ҷузъ ва ё қисми асосии шуур аст. Ба шуур ба ғайр аз тафаккур боз инъикоси ҳастӣ дар шакли эмотсия, эстетика, идрок ва ҳиссиёт низ дохил мешавад.
Сабаби бештар ба масъалаи забону тафаккур диққат додани олимон, аз як тараф, таъсири ҷараёни мантиқӣграмматикӣ бошад, аз тарафи дигар, як шуморидани маънои калима бо мафҳум мебошад. Чунин фаҳмиш яктарафа аст, зеро фаъолияти шуур танҳо бо мафҳум ифода намеёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё