МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Маълум аст, ки овозҳои нутқ бевосита маъниро ифода намекунанд, онҳо бо туфайли морфемаву калима ба чунин хусусият соҳиб мегарданд. Забонро системаи калимаҳои алоқаманд ва аз ҷиҳати структурӣ муттаҳидгардида ба вуҷуд меорад. Калимаҳо аз ҷиҳати лексикиву семантикӣ ва лексикиву грамматикӣ ба ҳам алоқаманд гардида, ибораву ҷумларо ба амал меоранд.
Калима ҳамчун воҳиди асосии структураи забон структураи чандқабата дорад. Алоқаи байни воҳидҳо ва категорияҳои ҳамаи қабатҳо ба воситаи калима ҳамчун воҳиди ба ин ё он ҳиссаи нутқ тааллуқдошта ба амал оварда мешавад.
Дар таърихи забоншиносӣ масъалаи ҳиссаҳои нутқ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон буд.
Намояндагони ҷараёнҳо ва мактабҳои гуногун доир ба он як хел ақида надоранд, бинобар ин фаҳмиши гуногун доранд.
Вале ҳамаашон ҳиссаҳои нутқро ба ин ё он қабати забонӣ нисбат дода, як намуди инъикоси категорияҳои тафаккур дар забон шуморидаанд. Назарияи нисбатан маъмул ҳиссаҳои нутқро ба қисмати морфологӣ ва синтаксисии гурӯҳи калимаҳо нисбат додан мебошад. Баробари ин як гурӯҳ олимон ҳиссаҳои нутқро ба қабати фонетикию морфема алоқманд менамуданд, вале шумораи ин гуна муҳаққиқон камтар мебошад.
Ҳиссаҳои нутқ ба гурӯҳи лексикӣ-грамматикии калимаҳо дохил мешаванд. Пеш аз ҳама калимаҳои мустақилмаъно таркиби луғавии забонро ташкил медиҳанд, калимаро ба категорияҳои морфологӣ (шаклсозиву калимасозӣ) ва воҳидҳои синтаксисӣ алоқаманд менамоянд. Аз ин рӯ, назарияи ҳиссаҳои нутқро ҳамчун гурӯҳи лексикӣграмматикии структураи забон, ки системаи забонро ифода мекунад ва механизми мураккаби амаликунандаи тамоми қисматҳои забон бо воҳиди мушаххаси ягона – калима, маънидод кардан ба ҳақиқат наздик аст. Ҳама гуна калима ба ягон ҳиссаи нутқ мансуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё