Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавзуи 20.
Назарияи забон. Муайян намудани табиат ва моҳияти забон. Забон ва нутқ. Аломатҳо ва намудҳои он

Нақша:
1.Муайян намудани табиат ва моҳияти забон.
2.Забон ва нутқ.
3.Аломатҳо ва намудҳои он. Умумият ва фарқи аломатҳои забон аз системаи аломатҳои сунъии дигар.

Масъалаи асосӣ ва муҳимтарини назариявии забон муайян намудани моҳият ва табиати забон ва инчунин саҳеҳ кардани предмети забоншиносӣ мебошад. Ҳалли ин проблемаи асосӣ ба як қатор масъалаҳои дигар алоқаманд аст, зеро забон чун воситаи муошират бо ҷамъият, тафаккур, фаъолияти нутқкунии одамон алоқаи зич дорад.
Ҳангоми муайян кардани табиат ва моҳияти забон муносибати гӯяндагони он, табақаҳои иҷтимоӣ ва умуман ҷамъият нисбат ба забон дар давраҳои гуногуни тараққиёти он бояд ба назар гирифта шавад.
Забонро чун воситаи муошират бевосита муоина кардан мушкил. Фақат нутқи шахси ҷудогона, фаъолияти нутқкунии ӯ ва натиҷаи он – матнро муоина кардан мумкин аст. Ин забон набуда, ба қавли Шерба, маводи забонӣ аст, ки танҳо қисман ва нопурра дар луғатҳо ва сарчашмаҳои грамматикӣ ба қайд гирифта мешаванд. Объекти лингвистика матн аст ва ё маводи нутқ? Ҷараёнҳои дескриптивӣ, глоссематика қолабрезии, мантиқӣматематикӣ матнро объекти лингвистика мешуморанд, бо он асос ки онро мушоҳида кардан ва санҷидан мумкин аст.
Гӯё маводи забонӣ ғайриобъективист, чунки далелҳоро аз матн канда мегирад ва субъективизми муҳаққиқро инъикос мекунад. Албатта, инро асоснок шуморидан нашояд, чунки маводи забонӣ ҳам ба мисли матн объективист, зеро матн ҳам қисман забонро инъикос мекунад, илова ба ин аз тарафи шахси ҷудогона.

пешина
аз 210
навбатӣ