Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Афти хунукӣ вайро бинед-а.
Саг давоми сухани онҳоро нашунид, балки нахост, зеро нағз медонист, ки агар наравад, боз сангсораш мекунанд... Саги пири кӯр бӯи ҳамҷинсонашро ҳис кард. Фаҳмид, ки дар кӯча сагҳои гуруснаю бесоҳиб, дайдуи нонталаб зиёд шудааст.
Саги пири кӯр нав аз кӯчаи калон мегузашт, ки марди ишкамкалоне аз занҷири саги батанаи ҳавобаландаш дошта, ӯро ситоиш дошт. Саги хориҷии сермӯй, каллаи калонашро базӯр ҷунбонда фахр дошт. Гоҳе дандонҳояшро гиз карда ӯро гӯё ба таҳқир мекшид. Рӯирост саги пирро ба ҷанг даъват дошт.
Саги кӯр аз содагии соҳиби саг ва овози баланди саги фарбеҳ ба ҷон расида, хост роҳашро давом диҳад. Лекин нашуд, аллакай сагро аз занҷири зебо раҳо карда буданд.
Саги хориҷӣ якбора ба ҳуҷум гузашт. Муборизаи шадиде оғоз ёфт. Аввал саги пир каме роҳгум зад. Зеро нияти ҷанг надошт. Боз чашмонаш хуб намедиданду гурусна буд, лекин одати азалӣ, зӯру ҷасорату нанг ӯро қувват бахшид ва бо як хез аз гардани саги бепарво қапид. Саги пир ҳис кард, ки ҳарифаш ҷисман боқувват асту лекин таҷрибаи ҷангӣ надорад. Саги пир бӯи ҷонвари бегонаро ҳис карда, бо як чолокии фавқулодда ҳарифашро ба замин пахш карда, имкони хестан надод.
Кашмакаш чунон сахт буд, ки гоҳе ҷисми лоғари саги пир карахт мегашт. Вай фаҳмид, ки барояш муборизаи ҳаёт ё марг мондааст, ё мемурад ё ғалаба насибаш мегардад.
Се-чор нафари дигар низ пайдо гашта, ҷанги онҳоро тамошо доштанд. Соҳиби саги фарбеҳ ба ҳавас мегуфт:
– Ин сага ман аз худи Германия овардаам. Зоташ машҳур аст. Мо – тоҷикҳо, сага намешиносем, ин сагҳои чиркини мо ба кӣ даркор?! – Марди фарбеҳро гапаш нотамом монд. Дид, ки аз пушту гардани сагаш хун мерезад. Саги фарбеҳи нозукаш базӯр нафас кашида, дигар қудрати набард надошт.
Марди фарбеҳи ношинос ноилоҷ давида саги таърифиашро халос кард. Саги нимҷонаш винг-вингкунон дар паҳлӯяш ба қадамзанӣ даромад.
Соҳибаш марди кинагири дамдоре будааст. Ӯ ғайричашмдошт пас гашта, бехабар ба сари саги пир бо оҳани вазнине кӯфт.

пешина
аз 193
навбатӣ