Аз пайи паланг

– Набошад, кӣ кушт ина?
Сари хунолуди нахчиреро берун кашид аз хӯрҷин ҷангалбон. Дар пешонаи нахчир изи тир ба чашм мерасид.
Аз ин амали ғайричашмдошти пиракӣ ба ҳолати ногуворе афтод ҷавон. Ҷунайд иҷозатнома пурсид. Ҷавон ба зорию тавалло даромад.
– Ма, ин пулҳоро гир. Охир, ба ту чӣ намерасад? Ҷангалу кӯҳ аз Худо мондагӣ. Бе ман ҳам онҳоро дигарҳо нест мекунанд. Хайр, як кабк ё нахчир кам шуд, осмон ба замин омада намечаспад-ку?
Ҷангалбон ғазабашро базӯр фурӯ нишонда сахт аламаш кард.
– Ин нахчир чӣ гуноҳ дошт-а! О, мефаҳмӣ, ки дар ин мавзеъ ҳамагӣ даҳ нахчир мондаасту халос. Аз дасти ту, нохалаф, акнун боз яктоаш нобуд шуд. Оҳ, ҳайвон-е, наход ба ҳамин ақлат нагирад.
Ҷавони ором аз ин суханҳои ҷангалбон барошуфт.
– О, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан. Ҷангалат аз сарат монад. Гир, ҷарима андоз. Чӣ қадар хоҳӣ, пул медиҳам.
– Туро ҷарима не, суд кардан даркор...
Ҷавон хост бо ҷангалбон дастбагиребон шавад, ки Ҷасур бо як ҷаҳиш худашро ба ӯ расонда, ҷавонро ба замин хобонд.
Вақте ки шикорчии ҷавонро ҷангалбон ба идораи милиса бурд, саг дар берун мунтазир монд. Ҷасур хеле интизор шуд.
Ҷунайд ҳиҷ набаромад, наход, барои як шикорчиро супурдан ин қадар вақти зиёд лозим бошад-а, андешид саг. Ҷунайд чанд коғазро пур карда баёнот дод, то ба муфаттиш фаҳмонд, ки дуд аз димоғаш баромад. Нав акнун коғазҳоро месупурд, ки муфаттиш ӯро ба утоқи дигар бурда, бо ҳарос фаҳмонд.
– Ака, биё, аз баҳри даъвоят гузар. Хайр, як нахчир будаастда. Худатро дар бало намон. О, ин бачаи доштагият хеши прокурори ноҳия будааст. Аздусар бе ҷазо мемонад. Ҷунайди якрав аз ин насиҳатҳои муфаттиш сахт хафа шуд.
– Ба гӯри падараш. Ман аз касе сари тарс надорам, баёнотамро ҳам гашта намегирам. Вай, муттаҳам, бояд ҷазо гирад...
Ҷангалбон хафаву малул аз милисахона баромад. Саг аз ин рафтори соҳибаш зуд пай бурд, ки боз нохушие рӯй додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё